Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дидори падару писар пас аз 28 сол


Манзили Бегиҷон Боев, сокини ноҳияи Рашт, имрӯз тӯйхонаро мемонд. Зеро фарзанди гумшудаи ӯ баъд аз 28 сол аз Русия ба дидори падар омадааст.

Эраҷ , фарзанди Бегиҷон Боев, дар Ғарм ба дунё омадааст. Аммо дар соли 1982 замоне, ки ҳамагӣ ду моҳ дошт, ӯро модари русаш Надежда Боева бо худ ба шаҳри Нижний Новгороди Русия бурдааст.

Эраҷ мегӯяд, модараш бо муҳаббати беандозае, ки нисбати тоҷикону Тоҷикистон дорад, ҳамеша дар бораи ин диёр ва пайвандони дар Ғарм мондаи ӯ нақл мекард.

Вай суроғаи падари худро бо кӯмаки Иттиҳодияи тоҷикистониёни Русия пайдо кардааст. Эраҷ мегӯяд, аз тоҷик будани худ ҳамеша ифтихор дошт ва мехоҳад шаҳрвандии Тоҷикистонро ба даст биёрад ва бо зудтарин фурсат забони тоҷикиро биёмӯзад.

Феълан Эраҷ Боев дар шаҳри Нижний Новгороди Русия ба ҳайси директори осорхонаи таърихӣ фаъолият мекунад. Вай аз таъриху фарҳанги тоҷикон хуб бохабар аст ва дар бахши эроншиносӣ корҳоеро низ анҷом додаст.

Бобои Бегиҷон, падари Эраҷ, мегӯяд, ҳеҷ тасаввур намекард, ки бо гузашти 28 сол писари гумгаштаашро пайдо мекунад. Вай борҳо суроғи ҷигарбандаш ба Русия сафар кардааст, вале талошҳои ӯ бенатиҷа анҷом ёфтаанд.

Бобои Бегиҷон, ки табъи волои суханварӣ дорад ва ҳамчун як шоири халқӣ дар ин минтақа шинохта шудааст, дар ин рӯз маҷоли сухан кардан надошт ва дар ҷавоб ба муборакбодиҳои наздикон ва дӯстон аз ҳаяҷону шодӣ танҳо ашк мерехт.

XS
SM
MD
LG