Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Абдулло Ёров - раиси нави ширкати "Барқи тоҷик"


Абдулло Ёров, раиси нави ширкати «Барқи тоҷик»
Абдулло Ёров, раиси нави ширкати «Барқи тоҷик»

Абдулло Ёров, собиқ вазири энержии Тоҷикистон, раиси нави ширкати «Барқи тоҷик» таъин шуд. Бино ба иттилои намояндаи «Барқи тоҷик», имрӯз Абдулло Ёровро дар ҷаласаи субҳи ин ширкат ба кормандон муаррифӣ кардаанд.

Президенти Тоҷикистон бо як фармони худ раиси собиқи ширкати «Барқи тоҷик» Санъат Раҳимовро аз вазифааш барканор кард.

Санъат Раҳимов як сол қабл, 19-уми январи соли 2009, ба ҷои Шарифхон Самиев, собиқ раиси ин ширкат, таъин шуда буд.

Баъзе коршиносон мегӯянд, истеъфои Санъат Раҳимов ба мушкили қарзи Тоҷикистон аз ширкати "Сангтӯда-1" марбут будааст. Ширкати "Сангтӯда-1", ки дар ихтиёри Русия қарор дорад, бо мушкили пардохт нашудани беш аз 20 миллион доллар қарзи Тоҷикистон рӯбарӯст.

Ин ҳам дар ҳолест, ки ба гуфтаи иддае аз коршиносони дигар, фаъолияти Санъат Раҳимов дар як соли гузашта дар масъалаи ҷилавгирӣ аз қочоқи нерӯи барқ муассир будааст. Ин коршиносон мегӯянд, Санъат Раҳимов қарзҳои "Сантӯда-1"-ро аз раиси пешини ин ширкат Шарифхон Самиев ба мерос бурдааст.

Худи Шарифхон Самиев, ки ахиран ба сифати мудири нерӯгоҳи барқи обии "Норак" фаъолият мекард, бо фармони раисҷумҳур ба мақоми иҷрокунандаи вазифаи шаҳрдори Қурғонтеппа таъин гардид.
XS
SM
MD
LG