Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Модаре дар ҷустуҷӯи фарзанди бенишон


Шумо дар ягон роҳурӯ ин ҷавон -- Саидабдуллоҳ Бобоев (Сиёвуш)-ро дидаед?
Шумо дар ягон роҳурӯ ин ҷавон -- Саидабдуллоҳ Бобоев (Сиёвуш)-ро дидаед?

-Се сол мешавад фарзанд ҷустуҷӯ дорам. Ба тамоми ҷо мактубу ҳуҷҷат фиристодам, вале аз ягон ҷо хабар нарасид. Намедонам, Худо, бачаи маро аз куҷо пайдо мекунад. Бачаам, дар даруни шаҳри Владивосток гум шуд... Дар моҳи январ, дар сардиҳо сафари Русия карда буд...

Фарзанди Саъбагул Довудова, сокини 71-солаи шаҳри Кӯлоб соли 2005 ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба Русия рафт. Пас аз як соли ғарибӣ дар таърихи 1-уми октябри соли 2006 фарзанди Саъбагул, Саидабдуллоҳ Бобоев, ки бештар бо номи ғайрирасмии Сиёвуш шинохта мешудааст, ба модар занг зада, аз бозгашти хеш ба Ватан хабар дод.

Саъбагул Довудова
Хонум Довудова мегӯяд, фарзандаш дар сӯҳбати телефонӣ гуфтааст, ки чоруми октябр ба Тоҷикистон бармегардад. Ғайриинтизор 19-уми октябри ҳамон сол, яъне пас аз 15-рӯзи гуфтугӯ бо фарзанд, ба хонаи Саъбагул Довудова тобут оварданд. Аммо хушбахтона барои Сабагул Довудова ва бадбахтона барои кадом як модари камбахти тоҷик ҷасади даруни тобут фарзанди ӯ набудааст.

Замоне тобутро боз мекунанд, ҳамаро даҳшат фаро мегирад. Мотамдорон бо чашми сар ҷасади сарбуридаеро мебинанд ва ҳайрон мегарданд. Ҷасади сарбуридаи як тоҷикписари номаълум, ки ҳеҷ нишоне аз фарзанди хонадон Саидабдуллоҳ дар худ надоштааст. Саъбагул Довудова мегӯяд, “Мурдаро гӯру чӯб кардем. Мӯи сараш то сари китф дароз буд. Либосҳояш ба либосҳои фарзандам монанд набуд. Тобутро оварданд ва осемасар онро бардоштанд. Охир, сараш аз тан ҷудо буд ва ба тана духтагӣ буд. Бачаи ма хол дошт, вале ин мурда хол надошт... Бачаи ма бузургҷусса буд, аммо ҷуссаи ин хеле хурд ба назар мерасид. Дар ҳамон ҷо бачаҳои тоҷик гуфтаанд, ки мурдаро нишон диҳед, лек онҳо гуфтаанд, ки мо гробро намеканем.”

Таи ин се сол модар ба тамоми мақомоти дахлдор барои дарёфти ягона писараш муроҷиат намудааст, вале ҳеҷ посухе нагирифтааст.

Дар ҳуҷҷатҳое, ки ҳамроҳи тобут овардаанд, баръакси дигар чунин аснод, сабаби марг дар ҳеҷ ҷо зикр наёфтааст.

Раҷамоҳ Бобоева, фарзанди дигари ин хонадон мегӯяд, модар фироқи ҷудоӣ аз фарзандро ба мушкил таҳаммул мекунад. Ӯ мегӯяд, ҳамроҳ бо модар то ҳанӯз Саидабдуллоҳро ҷустуҷӯ мекунанд ва интизор доранд, ки ӯ зиндааст ва рӯзе ба хона бармегардад.

Раҷамоҳ, хоҳарбузурги Саидабдуллоҳ мегӯяд, “Ба очам гуфтам, ки вақте бачаи падари ман нест, то ҷон дар бадан дорам, барои ҷустуҷӯяш меравам. То Душанбею дигар ҷойҳо хоҳам рафт. Дигар чӣ ҳам мекардам.”

Аммо шумори чунин модароне, ки фарзандашон дар Русия бенишон ё кушта шудаанд, кам нест. Ҳарчанд ба қавли Рустам Наботов, як коршиноси маҳаллӣ ҳисоби дақиқи чунин модарон дар ҳеҷ куҷо сабт нашудааст.

Ба қавли Наботов, мисле ки ҳангоми ҷанги Шӯравӣ дар Афғонистон модарон барои фарзандонашон, ки дар он ҷо адои хизмат мекарданд, ҷигархун буданд, имрӯз барои фарзандони муҳоҷирашон дар Русия айни ҳамон замон ҷигархунанд. Зеро касе бехатарӣ ва сиҳат ба Ватан баргаштани онҳоро кафолат намедиҳад.

Ин ҳам дар ҳолест, ки Саъбагул Довудова, модари Саидабдуллоҳ ё бо исми маъмули Сиёвуш ҳанӯз фарзандашро интизор аст. Қалби модар шаҳодат медиҳад, ки фарзандаш зинда аст.

Бовар дорад, ки рӯзе фарзанди муҳоҷираш бо лабони пуртабассум аз Владивостоки Русия бармегардад ва дари хонаи ғамзадаашро боз мекунад: “Умед дорам, ки иншоолоҳ бармегардад. Умеди ман ҳамин аст.”

PS: Ин матлаб моҳи июли соли ҷорӣ ҳамчун гузориш садоӣ барои маҷаллаи “Садои ҳамватан” омода шуда буд. Вале чанд рӯз қабл хоҳарбузурги муҳоҷири гумшуда дар даст аксҳои ӯ, хоҳиш кард, то ин маводро нашр кунам, зеро онҳо ба тозагӣ хабар ёфтаанд, ки Саидабдулоҳ воқеан зиндааст, вале бо сабабҳои номаълум наметвонад аз худ хабар диҳад.

Аз номи ин модар, ки дар фироқи яккаписараш месӯзад, хоҳиш мекунам, то касе нишони ӯро медонад, хабар диҳад.
XS
SM
MD
LG