Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пажӯҳиши баландпарвозонаи мунаҷҷимони тоҷик


Дар ин барнома нахуст ахбори арсаи илму фанновариро мешунавем ва сипас доир ба пажӯҳиши баландпарвозонаи мунаҷҷимони тоҷик гуфтугу мекунем, ки саъй доранд, мадори Заминро аз харобаҳои моҳвораҳои шикаста пок кунанд. Дигар аз матлаби барнома пешрафти кишварҳои Осиёӣ дар илму ихтироъкорӣ аст.

Ахбори илму фанноварӣ

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, яке аз пиряхҳои азими ин кишвар ба лағжидан ба сӯи поён шурӯъ кардааст ва дар сурати ҳаракати босуръат метавонад роҳи як рӯдхона дар шимоли кишварро бубандад. Пиряхи мавсум ба Ҷамъияти Ҷуғрофиёдонони Русия тақрибан 20 километр дароз аст ва дар ҳавзаи рӯдхонаи Ванҷ ва дар шимоли Тоҷикистон ҷойгир аст. Намояндагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода бо мутахассисон бо истифода аз чархболҳо ба зудӣ барои таҳқиқи ин пирях ва захираҳои барфи баландкӯҳҳо ба ин минтақа парвоз мекардаанд.

Таъсири кӯтоҳмуддати гарду ғубор ва ё озон метавонад, аз иллати марги бармаҳали беморон шавад. Гурӯҳе аз мутахассисони Фарҳангистони миллии улуми Амрико баъди таҳқиқот гуфтаанд, ки иддаъоҳои пешина доир ба он ки таъсири гарду ғубор ва ё озон сабаби марги бармаҳал шуда наметавонад, дуруст нест. Ин олимон мегӯянд, ошкор кардаанд, ҳатто таъсири маҳдуди озон метавонад, ба шуши инсон таъсири бад расонида сабаби беморӣ ва ҳатто марги ӯ шавад. Моддаи озон дар сатҳи поёнӣ асосан аз оксиди нитроген ва аз омехтаҳои дигари органикӣ ҳосил мешавад, ки дар натиҷаи сӯхтани сӯзишвории нафтӣ ихроҷ мешаванд.

Матбуоти Чин мегӯяд, ин кишвар бунёди пойгоҳи нави таҳқиқотии худ дар Антарктикаро соли оянда ба поён расонида ва ҳузураш дар ин қораро густариш медиҳад. Хабаргузории расмии Синхуа аз қавли Син Бо, сардори гурӯҳи таҳқиқотии Чин дар Антарктика, навиштааст, экспедитсияи нави илмӣ, ки моҳи ноябр шурӯъ мешавад, дар баландтарин маҳалли Антартика аз сатҳи баҳр пойдевори асосии пойгоҳи нави илмиро хоҳад гузошт. Ин маҳалли Антарктика аз сатҳи баҳр чаҳор ҳазору наваду се метр баланд ҷойгир шудааст.

Мақомоти Малайзия гуфтанд, ки иҷрои барномаи кайҳоншиносии ин кишварро мувақаттан бозмедоранд, зеро барои сармоягузории он пули кофӣ надоранд. Вазири улуми Малайзия Максимус Онгкилӣ гуфтааст, ки барномаи муқаддамотии фиристодани кайҳоннаварди дуввум ба фазо иҷро намешавад, зеро сармоя барои он ҳоло вуҷуд надорад. Вай афзудааст, вазорати улум барои амалӣ кардани ин тарҳ дар пайи ҷустуҷӯи пул хоҳад шуд. Моҳи октябри соли гузашта Малайзия нахустин кайҳоннаварди худ Музаффар Шуқорро тавассути мушаки Союзи Русия ба кайҳон фиристода буд.

Мақомоти идораи гумруки Тоҷикистон мегӯянд, аз қочоқи бештар аз 2 ҳазор дона парвона ва дигар ҳашароти нодир ба хориҷи кишвар ҷилавгирӣ карданд. Хабаргузории расмии “Ховар” аз қавли Олимхон Шарифов, намояндаи идораи гумруки вилояти Хатлон, навиштааст, ки тамоми ин парвонаву гамбус ва дигар ҳашароти нодир ба Китоби сурх ворид шудаанд. Ин манбаъ афзудааст, ки ҷондорҳои нодирро ду шаҳрванди Укроин гирифтаанд ва акнун ба донишгоҳҳои маҳаллӣ месупоранд.

Барномаи нави мунаҷҷимони тоҷик

Мунаҷҷимони тоҷик мегӯянд, дар амри покиза кардани мадори курраи Замин, ки аз шикастапораҳои мушаку моҳвораҳо пур шудааст, ба иҷрои барномаи наве шурӯъ кардаанд.

Хурсанд Ибоддинов, мудири Пажӯҳишгоҳи астрофизика ва нуҷумшиносии Фарҳангистони улуми Тоҷикистон, дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, онҳо бо кӯмаки олимони чандин кишвари ҷаҳон ба таҳияи феҳрасти пораҳои моҳвораҳои харобшуда шурӯъ кардаанд, ки дар кори истгоҳҳои байналмилалӣ ва кайҳоннавардону ситорашиносон мушкил эҷод мекунад.

Ҷаноби Ибоддинов ҳамчунин гуфт, имрӯзҳо расадхонаҳои Тоҷикистон олимони бисёреро аз хориҷ мизбонӣ мекунанд, ки бинобар мусоид будани ҳаво ва ин расадхонаҳо барои мушоҳидаи кайҳон ба Тоҷикистон меоянд.

Сӯҳбат бо Хурсанд Ибоддинов дар шакли аудиоии ин барнома дастрас аст.

Кишварҳои осиёӣ Амрикоро танг мекунанд

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар арсаи илм ва ихтироъкорӣ нуфузи пештараашро аз даст медиҳад ва кишварҳои осиёӣ ҳоло ҷойи Амрикоро мегиранд.

Маҷаллаи «Сайенс» мегӯяд, на танҳо теъдоди донишҷӯёни муҳаққиқ ва ихтироъкорони Амрико камтар шудааст, балки иқтибоси пажӯҳишҳои илмии Иёлоти Муттаҳида дар хориҷа, балки содироти фанновариҳои навини он низ коҳиш ёфтааст. Маҷаллаи мӯътабари «Сайенс» дар шумораи ахири худ навиштааст, то соли 2010, яъне то ду сол паси дигар 90 дарсади олимону ихтироъкорон дар кишварҳои осиёӣ хоҳанд буд.

Шакли пурраи ин хабарро дар ин ҷо хонед.

Кори якрангу дилгиркунанда

Кори якрангу дилгиркунанда асаби инсонро карахт мекардааст. Пажӯҳишгарони Норвегия, Амрико ва Бритониё бо мушоҳидаи фаъолияти майнаи сар таввасути ренген ошкор кардаанд, ки майнаи сари афроде, ки ҳар рӯз кори якрангеро анҷом медиҳанд, худ ба худ ҳолати осоишро мегирад.

Муаллифи пажӯҳиш Том Эйхел мегӯяд, ин зотӣ аст, ки вақте шумо худро маҷбур ба иҷрои коре мекунед, дар он замон майнаи сари шумо ғайриихтиёр ҳолати истироҳатро мегирад ва намегузорад, то он кор дуруст анҷом шавад. Дар ин ҳолат, ба гуфтаи Том Эйхел, инсонҳо бисёр иштибоҳ мекунанд ва ҳангоми мушоҳидаи майнаи сар маълум шудааст, ки хуни бештар ба ҳамон қисми майна, ки дар ҳолати осоиш қарор дорад, ҷорӣ мешавад.

Ба гуфтаи Том Эйхел, метавон як дастгоҳи хурде сохт, ки ба инсонҳо 30 сония пеш ҳушдор медиҳад, ки майнаи онҳо дар ҳолати осоиш қарор дорад ва тасмиме ки онҳо мегиранд, метавонад хато бошад.

Бо умеди он ҳеҷ гоҳ хато накунед ва зиндагии хубе дошта бошед.
XS
SM
MD
LG