Аммо ҳамчун журналист, вай бисёр фаъол буд. Маро ҳамеша ғайрати вай мутаҳаййир мекард. Шеваи кори ӯ, мусоҳибаҳо, пайдо кардани қаҳрамони гузоришҳояш барои мо намуна буд.
Вай аз камтарин хабарнигороне буд, ки метавонист бо пӯшидатарин мақомот, милиса, додситонӣ ва ҳатто Хадамоти федеролии амнияти Русия, ки ҳамеша дастнорас ҳастанд, забон биёбад. Ин як ҳунари фавқулодаест, ки ҳама журналистон мехоҳанд, дошта бошанд.
Мавзӯъро ҷиддӣ таҳқиқ мекард, бахусус агар сухан дар бораи мушкилоти рӯзгори муҳоҷирони кории тоҷик мерафт, зуд ба кӯмак мешитофт. Ба тамоми созмонҳои мудофеи ҳуқуқ, мақомоти дахлдор муроҷеъ мешуд ва ҳамеша ахбори дақиқ ва мунсифона таҳия мекард.
Ман ҳамеша ба ин ақида будам ва ҳастам, ки Муҳаммадраҳим яке аз беҳтарин коршиносони соҳибназар дар масоили муҳоҷирати корист. Вай тақрибан ҳама чиро дар бораи муҳоҷирони Осиёи Марказӣ, минҷумла муҳоҷирони кории тоҷик медонист.
Мо, ки бо вай дар як утоқи корӣ менишастем, аз мушоҳидаи кори ӯ чунин тасаввур ҳосил мешуд, ки вай ба мавзӯи муҳоҷирон аз таҳти дил муносибат дошт, ва ин на бархӯрди оддии журналистӣ буд, балки баррасии ин мавзӯъро ҳамчун як ТОҶИК қарзи худ медонист.
Инсоне буд, ки ба тақдири муҳоҷирони тоҷик бефарқ набуд ва инъикоси қазияҳо ва навовариҳо дар рӯзгори муҳоҷирони тоҷики Русия аз мавзӯъҳои аслии гузоришҳояш буд.
Гузал Худойбердиева, хабарнигори бахши туркмании Радиои Озодӣ дар Маскав
Баргардони Носирҷони Маъмурзода