Пайвандҳои дастрасӣ

Номзадии Зойиров аз ҳавзаи инфиродӣ пешниҳод шуд


Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки номзадии Раҳматулло Зойиров, раиси ин ҳизбро барои ширкат дар интихоботи парлумонӣ тавассути ҳавзаи инфиродӣ пешниҳод кунад.

Дар як баёнияе, ки ин ҳизб мунташир кардааст, гуфта мешавад, ки Шӯрои сиёсии Ҳизби соnсиал-демократи Тоҷикистон дар ҷаласаи ахири худ ба чунин натиҷа расидааст, ки номзадии раиси худро аз ҳавзаи интихоботии Синои пойтахт барои ишғоли курсии вакилӣ дар Маҷлиси намояндагон пешниҳод кунад.

Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон қаблан феҳрасти номзадҳои худ барои ширкат дар интихоботи парлумониро муаррифӣ карда буд, ки номи Раҳматулло Зоиров дар аввали ин рӯйхат аст. Шӯрои сиёсии ҲСДТ дар ҷамъ номзадии 22 намояндаи худро тасдиқ ва ба КМИР ироа кардааст.

Аммо Раҳматулло Зоиров, раиси ҲСДТ, гуфт, бо таваҷҷӯҳ ба ин ки шояд бархе аз ин номзадҳо аз ҳавзаҳои инфиродӣ низ номзад шаванд, имкон дорад, шумори номзадҳо дар феҳрасти ҳизбӣ коҳиш пайдо кунад.

Марҳалаи пешниҳоди номзадҳои интихоботӣ барои ҳавзаҳои якмандатӣ ва ё инфиродӣ бар пояи муқаррароти мавҷуда аз 30 декабр оғоз шуда ва то миёнаи январи соли ҷорӣ идома хоҳад дошт.

Дар ин миён номзадҳои мустақил ва муддаиёне, ки аз сӯи аҳзоб пешниҳод шуданд, бояд 500 имзо барои дастгирии худ ҷамъоварӣ карда, ҳамчунин аснод дар бораи вазъи сиҳатӣ ва эъломияи оидоти худро ба комиссияҳои ҳавзавӣ ироа кунанд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG