Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Президент Соли Навро табрик гуфт


Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар табрикоти солинавии худ ҳамчунин аз хотирмонтарин ҳаводиси соли 2009 барои Тоҷикистон ёдовар шуд.

Президент Раҳмон дар паёми табрикотии худ «суръати тоза бахшидан ба сохтмони нерӯгоҳи Роғун»-ро яке аз хотирмонтарин рӯйдодҳои соли 2009 барои кишвар номид ва гуфт, ин нерӯгоҳ «дар ояндаи наздиктарин» кишварро аз мушкилоти энержӣ раҳо хоҳад кард.

Паёми табрикии раисҷумҳури Тоҷикистон тариқи шабакаҳои телевизионии давлатии кишвар панҷ дақиқа қабл аз фарорасии Соли Нав садо дод. Дар ин паём раисҷумҳур ҳамчунин гуфт, оғози фаъолияти комили нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» ва хатти интиқоли барқи баландшиддати «Ҷануб – Шимол» дар соли кӯҳна шабакаи ягонаи энергетикии Тоҷикистонро ташкил дод.

Президент ҳамчунин гуфт, соли 2009 аз он ҷиҳат барои Тоҷикистон боз хотирмон буд, ки дар таърихи Тоҷикистон бори нахуст беш аз якуним миллион тонна ғалладона истеҳсол шуд ва «ин дар таъмини амнияти озуқавории мардум дастоварди назаррас мебошад».

Таҷлил аз ҷашни Имоми Аъзамро раисҷумҳур василаи таҳкими худогоҳиву худшиносии миллат ва тақвияти минбаъдаи фарҳанги исломӣ донист ва гуфт, ин иқдом ба афзоиши эътибори Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳон мусоидат намуд.

Президенти Тоҷикистон мардуми кишварро ҳамчунин бо Соли Нав табрик гуфт ва барояшон «хонаи обод, рӯзгори хушу осуда ва зиндагии пурфайзу баракат» орзу кард.

Аммо қабл аз ин табрикот, дар охирин рӯзи соли кӯҳна президенти Тоҷикистон бо фарзандон ва наберагонаш ва кормандони Дастгоҳи раёсатҷумҳурӣ дар назди Қасри Миллат беш аз 1000 бех ниҳоли дарахт шинонд.
XS
SM
MD
LG