Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Худо ҳофиз, соли кӯҳна, Соли Нав, шод омадӣ!


Расидани соли нави мелодиро ба ҳамаи хонандагони арҷманд ва шунавандагони гиромии Радиои Озодӣ, дар ҳар куҷои олам, ки бошанд, аз сидқи дил табрик мегӯем.

Самимона орзу мекунем, Соли Нави 2010 барои ҳар яки Шумо ва аҳли байту ёру дӯсти Шумо, барои ҳамаи ҳамватанон ва ҳамзабонон, барои аҳли башар ҳамчун як оғози нав соли беҳбуду пешрафт, саодату хушбахтӣ ва сарсабзию шукуфоӣ гардад.

Соли 2009 бо ҳама бешу камаш ва шодию ғамаш ба таърих пайваст. Соли мушкил буд ё осон, барои мо нек буд, ки Шумо дар давоми он ҳамнишину ҳамнафас ва ҳамқадаму ҳамсафари мо будед, камию кӯтоҳии моро ба мо бахшидед ва аз расоиву комёбии мо ҳимоят кардед, бо паёмҳои ҷолиби худ дар баҳсҳои мо ширкат ҷустед ва бо супоришҳои хеш дари мавзӯъҳои наву нобро ба мо боз намудед, ҳамроҳи қаҳрамонони мо ғам хӯрдеду шодӣ кардед, якҷо бо коршиносон шубҳа варзидед, ба чеҳраҳои масъул суол додед ва ба пирӯзиҳо ҳамовоз шудед. Барои ин аз лутфи якояки Шумо сипогузорем ва наметавонем соли 2009-ро мо бе ҳамқадамии Шумо тасаввур кунем.

Дар Соли Нав орзу дорем, ҳамин гуна саршор аз зиндагӣ, ишқ ва тапиш бо мо бошед ва ҳамин гуна ҳамроҳ аз шебу фарозҳои оянда бигзарем. Худо кунад, соли нави мелодӣ соли иҷрои орзуҳои ҳамаи мо ва расидани аҳли башар ба муроду мақсади нек бошад.Соле бошад, ки дар ҳама ҷо ҷангу хунрезӣ хотима ёбад ва дар зери осмони софи сулҳу осоиш хандаи кӯдакон чун хуршед бидурахшад!

Боз ҳам фархунда бод фарорасии Соли Нав ба хонадони ҳар яки Шумо ва ба Тоҷикистони азиз!
XS
SM
MD
LG