Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама кормандони амниятро гунаҳгор донист


Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико, он чӣ гуфта мешавад, аз "иштибоҳи инсонӣ ва мунтазам", ки ба талоши ҳамлаҳо дар ҳавопаймоҳои парвозҳои Амрико имкон дода мешавад, интиқод кард. Обама гуфт, "дарзи фоҷеабори амниятӣ" ба шаҳрванди 23-солаи Нигерия имкон дод, ки бо вуҷуди иртибототи шубҳаомезаш ба ҳавопаймо роҳ ёбад. Ҳатто падари ин шаҳрванди Нигерия аз чунин иртибототи писараш ҳушдор дода буд. Обама гуфт:

"Ман мехоҳам имрӯз бори дигар бо шаҳрвандони Амрико сӯҳбат кунам, зеро баъзе аз иттилооти муқаддамотӣ, ки дар 24 соати ахир дастрас шуда буд, баъзе нигарониҳои ҷиддиро ба бор меорад. Ба таври густарда иттилоъ долда шуда буд, ки падари ин фарди машкук дар рӯзи Милоди Масеҳ мақомоти расмии Африқоро аз ақидаҳои тундгароёнаи писараш огаҳ карда будааст. Ҳоло рӯшан шудааст, ки як ҳафта пеш ин хабар ба ниҳодҳои зидахли кашфи мо расонда шудааст. Вале ин хабар ба таври зарурӣ пахш нашудааст, то барои ҷилавгирӣ аз роҳ ёфтани ин шахси шубҳаовар ба парвоз ҷилавгирӣ шавад".

Обама мегӯяд, вай мехоҳад бидонад, ки иштибоҳ чӣ будааст ва чӣ тавр Амрико метавонад аз осмони худ ҳифозат кунад. Умар Фаррух Абдулмуталлаб шахси машкук талош дошт 25-ӯми декабр дар ҷараёни парвоз дар дохили ҳавопаймои Амстердам-Детройт моддаеро мунфаҷир кунад. Вай дар фурудгоҳи Лагоси Африқо ва Амстердами Голландия аз посгоҳҳои амниятӣ бемамонеат гузаштааст.
XS
SM
MD
LG