Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барномаи нави кӯмаки ЮНИСЕФ ба Тоҷикистон


Бунёди ҳимоят аз кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид – ЮНИСЕФ барои иҷрои барномаи ҳамкории ин созмон бо ҳукумати Тоҷикистон дар давоми 5 соли оянда 28 миллион доллар ихтисос медиҳад.

Ҳонгвей Гао, раҳбари ин созмон, мегӯяд, ҳадафи аслии барнома, ки аз соли 2010 то 2015-ро дар бар мегирад, мусоидат кардан ба ҳаёти солим, рушд ва ҳимояи ҳуқуқи кӯдакон дар кишвар боқӣ мемонад.

Ба гуфтаи раҳбари ЮНИСЕФ, тибқи барномаи нав тайи чанд соли дигар онҳо асосан дар се самт - коҳиши маргумири кӯдакон, дастрасӣ ба таълими босифат. ба вижа барои духтарон ва ҳифзи ҳуқуқи атфоли маълул - фаъолият хоҳанд кард.

Хонум Ҳонгвей Гао аз ҷумла афзуд, «мутассифона, то имрӯз дар Тоҷикистон мизони маргумири модару кӯдакони то 5-сола дар қиёс бо кишварҳои дигари минтақа дар сатҳи баланд қарор дорад. Дар ҳоле, ки аксари мавридҳои фавтро метавон ҷилавгирӣ кард. Ва мо ҳатман дар ҳамин самт фаъолияти худро тақвият мебахшем. Дигар ин ки дар соҳаи омӯзиши парвариш мо мушоҳида мекунем, ки бештари макотиб бо маводҳои таълимӣ пурра таъмин нестанд ва ҳамчунин теъдоди духтароне ҳам, ки таҳсили худро ба итмом намерасонанд зиёданд. Ин масъала низ ҳалли худро талаб мекунад.»

Мутаассифона, то имрӯз дар Тоҷикистон мизони маргумири кӯдакони то 5-сола дар қиёс бо кишварҳои дигари минтақа дар сатҳи баланд қарор дорад, дар ҳоле ки аксари мавридҳои фавтро метавон ҷилавгирӣ кард ...
ЮНИСЕФ аз соли 1994 бад-ин сӯ дар Тоҷикистон фаъолияти густурда дорад. Гуфта мешавад, ин бунёд барои амалӣ кардани барномаи соли 2005 то 2009 ҳудуди 25 миллион доллар масраф кардааст.

Фарҳод Раҳимов, муовини вазири омӯзишу парвариши Тоҷикистон, мегӯяд, ин ниҳод дар ҳамҷоягӣ бо ЮНИСЕФ дар ҷалби хонанадгону фароҳам овардани шароити мусоид барои таҳсил, таъмини мактабҳо бо ашёи хониш ва оби ошомиданӣ барномаҳои муштаракро роҳандозӣ мекунанд.

Дилором Мирсаидова, муовини раиси кумиссияи назди ҳукумати Тоҷикистон, оид ба ҳуқуқи кӯдак гуфт, дар баробари он ки ҳукумати Тоҷиикстон ва созмони ЮНИСЕФ барои беҳбудии кӯдакони тоҷик аз тадбирҳои мухталиф кор мегиранд, аммо боз ҳам дар ин росто бархе аз мушкилот ба чашм мерасад, ки расидагии ҷиддиро тақозо мекунад.

Хонум Дилором аз ҷумла афзуд, чанд рӯз пеш Эмомалии Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар мулоқот бо олимон ва фарҳангиёни кишвар қабули лоиҳаи қонунро дар мавриди афзудани масъулияти волидайн барои таълиму тарбияи фарзандон пешниҳод кард. Зеро адами назорати волидайн кӯдакону наврасони зиёдро ба сафи бачагони кӯча пайвастааст.

Ҳонгвей Гао, раҳбари бунёди ЮНИСЕФ дар ин замина гуфт, дар аксар кишварҳо чунин қонун, яъне «Қонуни ҳифзи атфол», амалӣ мешавад ваТоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Таҳлили ахири бунеди атфоли Созмони Милали Муттаҳид ва кумиссиюни миллии дифоъ аз ҳуқуқи кӯдакон бо ҳадафи муайян кардани системаи истифодаи маблағҳо барои кӯдакон дар муассисаҳои нигоҳдории махсус мушаххас кардааст , ки наздик ба даҳ ҳазор кӯдакони точик дар мактабпарваришгоҳҳо ба сар мебаранд. Ва ин ҳам дар ҳолест, ки 80 дарсади онҳо соҳиби падару модар ва ё яке аз онҳоянд. Вале бо иллати камбизоатии хонаводаҳо ва ё, ба истилоҳ, сарборӣ чун ятим тарбия меёбанд.
XS
SM
MD
LG