Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нархи нерӯи барқ боз 25 дарсад боло меравад


Мақомоти ширкати “Барқи тоҷик” эълон кардаанд, ки сар аз соли нави 2010 қиммати истифода аз нерӯи барқ дар Тоҷикистон то 25 дарсад боло хоҳад рафт.

Яъне, агар аз моҳи августи соли ҷорӣ то кунун сокинони кишвар барои истифодаи 1 киловат-соат нерӯи барқ 7,5 дирам пардохт мекарданд, ин қиммат дар соли нав ба 10 дирам, ё дуним сенти амрикоӣ мерасад.

Масъулони “Барқи тоҷик” мегӯянд, болоравии қиммати истифодаи нерӯи барқ дар соли оянда ба зарурати баргардонидани қарзҳои гирифта барои сохтмон ва таҷдиди иншооти энержӣ дар кишвар бастагӣ дорад.

Аз ин пеш ниҳодҳои байнулмилалии молӣ, аз ҷумлаи Бонки ҷаҳонӣ ва Сандуқи байнулмилалии пул ҳам ба мақомоти расмии Тоҷикистон тавсия дода буданд, ки то соли 2010 қиммати истифодаи нерӯи барқро то 2,5 сенти амрикоӣ барои ҳар як киловат-соат расонад.

Дар ҳамин ҳол бархеи таҳлилгарон аз он ибрози нигаронӣ мекунанд, ки дар пайи афзоиши қимати барқ дар Тоҷикистон вазъи иқтисодии бисёре аз хонаводаҳои камбизоат дар ин кишвар боз ҳам душвортар хоҳад шуд.

Тайи як соли ахир ин бори севвум аст, ки қиммати нерӯи барқ дар Тоҷикистон боло бурда мешавад ва дар ин муддат нархи як киловат-соат барқ ду баробар афзуда, аз 4,8 дирам то 10 дирам расидааст.

XS
SM
MD
LG