Пайвандҳои дастрасӣ

Маҳлиё Солиева, хурдтарин узви як оилаи ҳунарманд дар ноҳияи Спитамен сандуқ месозад. Маҳлиёи 21-сола ҳам дар баробари хоҳарони дигараш таи 10 сол аст, ки бо фармоиш барои наварӯсон сандуқ месозад. Ӯ аллакай аз синфи 6-ум ба корҳои на он қадар вазнин, ба мисли рангубор ба модараш ёрӣ медодааст.

Холаи Муҳаббат, модари 50-солаи Маҳлиё мегӯяд, ҳунари сандуқсозӣ барои оилаи онҳо меросӣ аст. Бист соли пеш ин пешаро ӯ аз падараш омӯхтааст ва ҳоло фарзандонаш ҳам ба ин ҳунари бобоии худ таваҷҷӯҳи зиёд доранд. Модар ва 4 духтар ҳоло бо ин ҳунари аз як нигоҳ мардона сохтану ороиш додани сандуқҳо барои арӯсон зиндагии худро пеш мебаранд.

Ӯ мегӯяд, набуди ҷои кор дар шароити феълӣ имкони интихоби дигар пешаро намедиҳад ва ҳам сафи харидорони ҳунараш зиёд аст, аз ин рӯ холаи Муҳаббат аз пешаи худ розӣ аст ва шукр мегӯяд. Сандуқҳое, ки бо дастони нозуки модару духтарони ҳунарманди ӯ тайёр мешаванд, дар бозор вобаста ба ҳаҷму андозааш ба фурӯш гузошта мешавад. Арзиши миёнаи онҳо 100 сомониро ташкил медиҳад.

Маҳлиё мегӯяд, тасвири манзараи Баҳор ва рамзи Товус дар сандуқҳои онҳо бештар таваҷҷӯҳи садҳо харидори худиву хориҷиро ҷалб кардааст. Вай мегӯяд, маъмулан дар қатори сокинони кишвар, инчунин, сокинони Қирғизистону Узбакистон низ ба харидории сандуқҳои онҳо меоянд.

Кори сандуқсозӣ нозукиҳои худро дорад. Маҳлиё мегӯяд, барои сохтани сандуқ чӯби на ҳар дарахт истифода мешавад. Сандуқи хуб аз дарахти санавбар сохта мешудааст, ки тахтаи он умдатан аз Русияву Қазоқистон ворид мешудааст.

Маҳлиё мегӯяд, дар баробари дигар корҳои хона ӯ ҳар ҳафта аз 10 то 15 сандуқро пурра сохтаву ороиш медиҳад. Ин мусоҳиби ҷавону ҳунарманди мо, ки пешаи на барои ҳар духтар хосро интихоб кардааст, итминон дорад, ки дар оянда низ метавонад бо ин ҳунари меросӣ рўзии худро пайдо кунад.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG