Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар орзуи тарбияи Бӯалӣ Синои нав


Бачаҳои болаёқатро маъмулан аз хурдсолӣ мешавад аз дигар кӯдакон фарқ кард. Ингуна кӯдакон аз ҳамсолони худ бо донишу зиракӣ ҳушёриву ҳунари худ, майл ба дарки бештари зиндагӣ тафовут доранд.

Дар сурати инкишофи истеъдодашон онҳо аз хурдсолӣ назар ба ҳамсолони дигарашон ба пешравиҳои зиёд даст меёбанд. Равоншинос Нафиса Юнусова бо овардани мисоли ин гуна атфол гуфт: “Агар ба қобилиятҳои мусиқӣ бингарем, мебинем, ки кӯдак истеъдоди хуби дарки мусиқиро дорад. Дар рассомӣ бошад, кӯдак қобилияти хуби фарқ кардани тобиши рангҳоро дорад, яъне он чизҳое, ки одамҳои оддӣ ин хел пурэҳсос дарк карда наметавонанд”.
Ман хаста намешудам, чунки хондани ман маҷбурӣ набуд. Ман, ростӣ, ҳис мекунам, ки аз бисёр ҳамсолонам фарқ мекунам. Вақте бо бисёри онҳо ҳамсӯҳбат мешавам, мебинам, ки онҳо барои худ ҳадафи номуайян мемонанд...

Вай афзуд, ки масъулияти волидон дар дарки истеъдодҳои фарзандашон дар синни хурдсолӣ хеле баланд аст: “Одами қобилиятнок назар ба одами беқобилият фаъолиятро бо тезӣ ва бе сарфи қувваи иловагӣ баосонӣ иҷро мекунад. Барои иҷрои айнан ҳамон кор одами беқобилият ду-се баробар вақти зиёд сарф мекунад ва бештар хаста мешавад. Асоси физиологии онро фаъолияти майна, мағзи сар ташкил мекунад”.

Ин равоншинос афзуд дар шароити имрӯзаи Тоҷикистон бо вуҷуди ин ки аз як сӯ зиндагии мардум бенизомтар шуда гаронии харҷу хароҷоти таҳсил барои атфол бисёр хонаводаҳоро водор мекунад, ки аз ниёзҳои муҳими худ даст кашанд, боз ҳам истеъдодҳои нав арзи ҳастӣ мекунанд. Ӯ аз як кӯдаки шашсолаи тоҷик ёдовар шуд, ки баъди тамошои филмҳои тасвирӣ дар кадом як шабакаи телевизионии олмонӣ ҳоло бемактабу муаллим метавонад ба забони немисӣ фикрашро баён кунад.

Аксар бачаҳои боистеъдод дар Тоҷикистон, ки баъди таҳсилу заҳмати зиёд дар мактаб ба мартабаҳои баланд расидаанд, мегӯянд, дар асл бисёр ҳамсолони онҳо ҳам шонси танзиими хуби зиндагии худро доранд.

Азиз Раҳмонов 23 сол дошта дар оилаи омӯзгорони донишгоҳ тарбия ёфтааст. Вай барномаи 11-солаи мактаби миёнаро дар 10 сол хатм карда баъдан дар донишгоҳи давлатии телекоммуникатсионии Санкт-Петербург аъло хондааст. Ҳоло ӯ дар Тоҷикистон ба ҳайси муҳандис дар ҷамъияти саҳҳомии “Тоҷиктелерадиоком” кор мекунад.

Азиз мегӯяд, ки падару модараш аз хурдӣ ба таҳсилу вақти ӯву додараш таваҷҷӯҳи махсус зоҳир карданд: “Пеш аз ба мактаб рафтан аз синни шашсолагӣ ман бо модарам дар хона дарс мекардам. Бештар бо омӯзиши фанни риёзӣ ва забонҳо машғул будем. Вақте ба мактаб рафтам, мисли ҳама талабаҳо аз соати 8 то 14 дарс мехондем ва баъд ба хона омада то соати 17 вазифаи хонагиро иҷро мекардам. Ва танҳо баъд ба берун барои бозӣ мерафтам. Ин реҷа то синфи сеюм давом кард. Баъд ман имтиҳон супурда синфи чорро нахонда ба синфи панҷ гузаштам. Ба назди муаллими иловагӣ барои омӯзиши забони англисӣ ва ҳам математика мерафтам. Дар куҷое хонда будам, ки олимон гуфтанд, майнаи сари одам аз соати 8 то 12 хеле фаъол аст ва маълумотро хуб қабул мекунад, аз ин рӯ корҳои асосӣ бояд дар ҳамин фурсат иҷро шавад. Ман хаста намешудам, чунки хондани ман маҷбурӣ набуд. Ман, ростӣ, ҳис мекунам, ки аз бисёр ҳамсолонам фарқ мекунам. Вақте бо бисёри онҳо ҳамсӯҳбат мешавам, мебинам, ки онҳо барои худ ҳадафи номуайян мемонанд. Ҳадафи бисёри онҳо як сӯм пул ёфтан ё маишат кардан аст. Ҳадафи ман бошад, каме дигар аст: ман мехоҳам барои давлати худ хизмат кунам”.

Сино Ёқубов, як навраси дигари боистеъдоди тоҷик дар шароити дигартар ба воя расидааст: падару модари ӯ лолу ношунаво ҳастанд ва тарбияи аслии ӯву се додару хоҳари Сино ба дӯши модаркалонашон уфтод. Аз назари даромади молӣ вазъи онҳо шояд хеле бадтар назар ба хонаводаҳои миёнаҳоли дигари тоҷик бошад.

Хонум Муаззама мегӯяд, ки бо нияти Абӯалӣ Сино шудани набераи дӯстдоштааш ӯро чунин номгузорӣ карда аз ҳамин хотир, ба ҷараёни таълими наберааш хеле ботаваҷҷӯҳ муносибат кардааст. Ҳоло Синои 16-сола дар синфи 10-уми литсеи туркии “Нурчилар” таҳсил мекунаду орзу дорад муҳандиси риштаи меъморӣ шавад. Вай хеле хоксору камҳарф аст.

Дар як сӯҳбати кӯтоҳ бо Ояндасоз Сино гуфт, ки бештар ба омӯзиши улуми дақиқ майл дорад ва пайваста дар олимпиадаҳои илмии дохили Тоҷикистон ва хориҷ аз он ширкат мекунад.

Вай гуфт: “Ман бештар фаннҳои алгебраву физикаро дӯст медорам. Барои ман ин фаннҳо душвор нестанд. Ман худам душвориро дӯст медорам. Вақте ман масъалаи душвореро ҳал мекунам, хурсанд мешавам. Хондан дар оянда лозим мешавад. Ман асосан инженер-архитектор шуданӣ ҳастам, мехоҳам бо сохтмони бинову роҳҳои нав машғул шавам”.

Сино мегӯяд, дар баробари улуми дунявӣ барояш касби илмҳои илоҳӣ хеле муҳим аст.

Ҳам Сино ва ҳам Азиз мегӯянд, ки чӣ будани маҳрумияту бепулӣ, ниёзмандиву мушкилоти маишии рӯзгорро хуб медонанд, чунки дар хонаводаҳои оддӣ калон шудаанд. Вале талошу заҳмат ва ташвиқи волидон барояшон такони хеле ҷиддӣ шуд, ки онҳо ҳоло дониши хуб гирифта дар зиндагӣ интихоби фаровони таҳсилу корро доранд.
XS
SM
MD
LG