Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мизони табъизи мусалмонҳо дар Аврупо


Мусалмонони Швейтсария дар ҳоли салотгузорӣ
Мусалмонони Швейтсария дар ҳоли салотгузорӣ

Гузориши нави Институти ҷомеаи кушод, ки дар Лондон муаррифӣ шуд, ҳокист, ки барои ҷилавгирӣ аз табъизи мазҳабӣ дар Аврупо андешидани тадбирҳои фаврӣ зарур аст. Аврупо бояд ӯҳдадориҳояшро барои эҷоди як ҷомеаи бозу фарогир иҷро кунад, мегӯянд муаллифони ин гузориш.

Ин таҳқиқот бар пояи мусоҳибаҳои рӯбарӯ бо ду ҳазор сокини 11 шаҳри Иттиҳоди Аврупо - ҳам пайравони оддии дини ислом ва ҳам бо рӯшанфикрон ба мисли донишмандону журналистон, фаъолони ҷамъиятӣ, аъзои ҳукумат ва раҳбарони мазҳабӣ анҷом шудааст. Дар пурсиш ҳамчунин аврупоиҳои ғайримусалмон ҳам иштирок кардаанд. Ин нафарон аз миёни сокинони Парижу Амстердам, Роттердам ва Антверпен, Берлину Ҳамбург, Копенҳагену Лондон, Марселю Стокҳолм ва Лейсестер интихоб шудаанд.

Гузориш ҳокист, ки манъ шудани бунёди манораҳои баланди масҷидҳо дар Швейсария “аломати рӯшани он аст, ки дар Аврупо масоили зиддиисломӣ ба як мушкили ҷиддӣ бадал мешавад”. Аз назари бисёриҳо, ҳувияти мазҳабии инсон яке аз садҳои аслии ҳамоиш бо ҷомеа мебошад, дар ҳоле, ки мусалмонони зиёд дар шаҳру манотиқи Аврупо ҳамин ҳувияти худро ҷиддан ҳифз кардаанд. Нақши шаҳр, мегӯяд гузориш, дар рафъи табъиз хеле муҳим буда, дар айни замон барои ҳамоиши мардумони мухталифи зиёд ҳам хизмат мекунад.

Дар як сӯҳбати телефонӣ аз раҳбари гурӯҳи таҳқиқотии Институти ҷомеаи кушод, мушовири аршади ин созмон Туфайл Чодурӣ, ки тоза аз маросими муаррифии ин гузориш дар Лондон берун шуд, пурсидам, пайғоми аслии ин гузориш дар чист? Ӯ гуфт:

“Гузориш як манзараи умумиро дар масоили таҷрибаи ҳувият, табъиз, мансубият ва ҳамоиш ба намоиш мегузорад. Бахши
Гузориш ҳокист, ки манъ шудани бунёди манораҳои баланди масҷидҳо дар Швейсария “аломати рӯшани он аст, ки дар Аврупо масоили зиддиисломӣ ба як мушкили ҷиддӣ бадал мешавад”.
нигаронкунандаи ин гузориш марбут ба мизони таассуб ва табъизи мазҳабӣ аст. Тақрибан нисфи мусоҳибони мусалмони мо, ки дар 11 шаҳр анҷом шудааст, гуфтанд, ки дар давоми 12 моҳи гузашта бо навъҳои мухталифи табъиз рӯбарӯ шудаанд. Ба саволи дигари мо ба мусалмонҳову ғайримусалмонҳо, ки оё дар давоми панҷ соли охир мизони табъизи мазҳабӣ дар ҷомеаашон чӣ гуна будааст, гуфтанд, ки хеле бештар назар ба гузашта. Бахши мусбат ё умедворкунандаи гузориши мо дар бораи вуҷуди ваҳдату ягонагӣ сӯҳбат мекунад. Аксар мусоҳибони мусалмону ғайримусалмони мо гуфтанд, ки ҳис мекунанд халқу қавмиятҳои мухталиф, ки дар як маҳалла зиндагӣ доранд, бештар муттаҳид шудаанд, мизони эътимоди онҳо ба якдигар баландтар шуда, онҳо омодаи кӯмак ба ҳамсояашон мебошанд”.


Шумо мегӯед, ки дар панҷ соли охир мизони табъизи мазҳабӣ дар ин ҷомеаҳо афзоиш ёфтааст. Сабаб дар чист?

“Ин ҷо сабаб зиёд аст ва бисёр чиз аз баҳсҳо дар ҷомеа дар масъалаи мусалмонҳо ва ҳуввияти онҳо бастагӣ дорад. Мусалмонҳо аз назари ваҳдату ягонагӣ, ҳувият, мансубият ва масоили амниятӣ мавриди таваҷҷӯҳ қарор гирифтанд. Ин баҳсҳо маънои онро дорад, ки таасубу табъиз дар нисбати мусалмонон ҳамчун як гурӯҳи мазҳабӣ афзоиш ёфта, ба шаклҳои табъизи миллӣ ва дигар шаклҳо гузаштааст. Аз ин рӯ, ин ҷо мо дар маҷмӯъ як манзараи куллиро мушоҳида мекунем. Хулосаи аслии мо ин аст, ки дар тӯли панҷ соли охир мо шоҳиди афзоишёбии табъизу таассуб нисбати мусалмонҳо дар заминаҳои амниятӣ шудаем. Ин он чизест, ки мардум ба мо гузориш доданд”.

Ва дар чунин шароит оё шумо ба чӣ хулоса омадед: барои ислоҳи вазъи баамаломада чӣ бояд кард, ки муносибат ва бархӯрди аврупоиҳо нисбати ҷомеаи мусалмонҳо дар кишварҳояшон дигар шавад?

Масҷиде дар шаҳри Сюрих, Швейтсария
“Мо машварат медиҳем, ки ин кишварҳо бояд қонунгузориҳои фарогирро дар заминаи ҳимояи ҳуқуқи ҳама гурӯҳҳои мазҳабӣ бо ҳадафи ҷилавгирӣ аз таассубу табъиз қабул кунанд. Дар ҳоли ҳозир, қонунҳои Аврупо ҳимояи ҳуқуқи шаҳрвандонро дар ҷои кор ва ҳангоми ба кор қабул шудан дар назар мегирад. Вале гузориши мо нишон медиҳад, ки ин гуна ҷудокуниҳо ё ҳамон табъиз дар масоили зиёди дигар ҳам мушоҳида мешавад: дар риштаи маориф, дар хариду фурӯши хона, дар дастрасӣ ба молу хадамоти мухталиф – хулоса дар ҳамаи ин соҳаҳо мусалмонҳо ба ҳимоят ниёз доранд ва ин яке аз машваратҳои калидии мо ба ҳукуматҳо аст. Дар масъалаи рафъи таасcуб ва қолабҳо зарурат ба омӯзиши таърихи муштараки рушди фарҳангҳои мусалмонҳову ғайримусалмонҳо дар саросари Аврупо зарур аст, то ки ҳам таърихи муҳоҷирати солҳои охир ва ҳам таърихи дурро инъикос кунад. Мусалмонҳо дар бунёди Аврупо дар давоми 40-50 соли охир дар канори аврупоиҳои маҳаллӣ саҳм гузошта як таърихи муштаракро пушти сар кардаанд”.


Дар саросари Иттиҳоди Аврупо, асосан дар шаҳрҳои калону пойтахтҳо айни замон 20 миллион пайрави дини Ислом ба сар мебаранд.
XS
SM
MD
LG