Пайвандҳои дастрасӣ

Субҳи имрӯз дар бинои Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон мутааллиқ ба раёсатҷумҳурӣ сӯхтор сар зад.

Сӯхтор дар ошёнаи дуввуми ин бино рух дод, ки дар он ҷо дафтарҳои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон, Маркази матбуоти ҷумҳуриявӣ мавсум ба "Иттилоот ва муошират" ва як бахши Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон ҷойгиранд.

Аз ин ошёна дуди ғализ мебаромад ва кормандони идораи оташнишонии Тоҷикистон бо истифода аз 7 мошин ва васоили дигари оташнишонӣ ҳодисаро рафъ карданд.

Масъулони Маркази стратегии Тоҷикистон ба хабарнигори Озодӣ гуфтанд, сӯхтор тақрибан соати ҳашти субҳ ба иллати бархӯрди ноқилҳои барқ сар зад. Ҳеҷ касе осеб надид ва ҳаҷми зарари молӣ дертар мушаххас хоҳад шуд.

Атрофи бинои Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон феълан аз сӯи пулис иҳота шуда, ва тамоми кормандони ин бино берун карда шудаанд.

Қарор буд, соати 9-и субҳи имрӯз дар ошёнаи панҷуми ин бино конфронси байнулмилалӣ дар мавзӯъи "Ислом ва демократия" баргузор шавад. Баъдан, ин конфронс дар бинои меҳмонхонаи "Каён" оғоз гардид.

Дар маҳалли ҳодиса будед? Мушоҳидаи худро нависед.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG