Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тарма нақби Анзобро баст


Фурудоии тарма дар панҷ мавқеъ дар роҳи ағбаи Анзоб, ки маркази Тоҷикистонро бо шимоли кишвар мепайвандад, бештар аз дусад мошинро банд кардааст.

Раҳбари хадамоти матбуотии Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи кишвар Мунира Назариева мегӯяд, тарма дар километрҳои 64-ум, 72-юм, 73-юм ва 74-уми ин шоҳроҳ фуруд омадааст ва ҳамчунин роҳи баромад аз нақби Анзобро аз ҷониби Душанбе низ банд кардааст. Полковник Назариева ба сомонаи Озодӣ гуфт, ҳеҷ қурбоние ба асари ин офати табиӣ нест.

Хонум Назариева гуфт, феълан дар километри 64-уми роҳ масъулони Вазорати нақлиёт роҳро тоза карда истодаанд.

Кенҷа ном як сокини шимоли кишвар, ки ҳамчунин дар назди даромадгоҳи нақб аз дирӯз боз мондааст, мегӯяд, мардуми оддӣ низ назди даромадгоҳро худ тоза карда истодаанд.

Дар тамоси телефонӣ хабарнигори мо дар минтақаи Зарафшон Шоҳини Равшан гуфт, беш аз 300 мошини дигар аз ҷониби шимоли нақб қарор гирифтаанд ва интизори боз шудани роҳ ҳастанд.

Мусофирон бо истифода аз мобилҳои худ ба идораҳои роҳсозии минтақаҳои наздик тамос мегиранд, вале то ҳол кадом идорае ба ҷои ҳодиса ҳозир нашудааст.

Дар миёни мусофирон занону кӯдакон ҳам ҳастанд.

Ҳоло худи мусофирон талош ба харҷ дода истодаанд, ки бо белу каланд ҳамроҳ бо сокинони мавзеъҳои наздики нақб роҳро тоза кунанд.


Шиносҳоятон дар маҳалли ҳодиса аст? Ба шумо занг задаанд ва дидаҳояшонро гуфтаанд? Ба Озодӣ бинависед.
XS
SM
MD
LG