Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти масъулони ширкати "Барқи тоҷик"


Оҷонси мубориза бо фасоди кишвар теъдоде аз масъулони бахши молии ширкати “Барқи тоҷик”-ро бо иттиҳоми дуздӣ аз буҷаи ширкат боздошт кардааст.

Шарифбек Шарифов, сухангӯи ин ниҳод, дар сӯҳбат бо сомонаи Озодӣ гуфт, ин хабар ҷой дорад, вале тавзеҳоти расмӣ ва комили он дар рӯзҳои наздик нашр хоҳад шуд.

Нозирҷон Ёдгорӣ, сухангӯи ширкати “Барқи тоҷик” дар сӯҳбат бо сомонаи Озодӣ аз таъйид ё такзиби ин хабар худдорӣ намуд.

Вале манобеъи ғайрирасмӣ хабар медиҳанд, ки кормандони боздоштшудаи “Барқи тоҷик” дар сирқати беш аз як миллион сомонӣ гунаҳкор дониста мешаванд. Феълан, шумори дақиқи афроди боздоштшуда низ маълум нест. Расонаҳо аз боздошти муовини сармуҳосиби ин ширкат низ хабар медиҳанд. Расман дар ин маврид низ ҳеҷ иттилоъе ҳанӯз нест.

Аммо манобеъи мустақил таъйид карданд, ки фаъолияти "Барқи тоҷик" дар ин авохир мавриди бозрасии Ожонси мубориза бо фасод қарор гирифта буд.

Нигарониҳо ва шойеъот аз вуҷуди фасоди густарда дар фаъолияти ширкати "Барқи тоҷик" дар ин авохир дар ҷомеаи Тоҷикистон ва созмонҳои байнулмилалӣ ҷой дошт.

Дар оғози тирамоҳи имсол дафтари Сандуқи байнулмилалии пул дар Тоҷикистон эълом намуд, ки фаъолияти “Барқи тоҷик” мавриди бозрасии байнулмилалӣ қарор гирифта, ва мушкилоти фаровоне, махсусан дар бахши муҳосиботи он ошкор шудааст.

Люк Моерс, масъули дафтари СБП (IMF) дар Тоҷикистон, он замон гуфта буд, натиҷаҳои бозрасӣ, ки масъулаш ширкати русии “Бодио Юниэн” буд, нашр нахоҳад шуд ва дар таҷрубаи байналмилалӣ ин як амри маъмул аст. Аммо оқои Моерс гуфта буд, масъулони "Барқи тоҷик" изҳори омодагӣ кардаанд, то барои рафъи мушкилоти ошкоршуда бо созмонҳои байнулмилалӣ ҳамкорӣ кунанд.
XS
SM
MD
LG