Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Истеъфои ду фармондеҳи олирутбаи Олмон


Ду фармондеҳи олирутбаи Олмон дар иртибот ба қазияи ҳамлаи ҳавоии дар Афғонистон, аз мақомшҳояшон маҳрум шуданд, ки дар ин ҳамла даҳҳо нафар ғайринизомӣ ҷон доданд. Карл Теодор Зу Гуттенберг - вазири дифоъи Олмон, имрӯз дар порлумони кишвараш истеъфои генерал Волфганг Шнейдерфҳенро эълом кард. Як мақоми дигари олирутбаи худи вазорат Питер Вихерт ҳам аз мақомаш истеъфо дод. Пеш аз истеъфои ин ду нафар, расонаҳо ошкор карданд, ки баъди чанд соати ҳамлаи ҳавоие, ки рӯзи чаҳоруми сентябр бо фармони фармондеҳи олмонӣ дар шаҳри Қундуз сурат гирифта буд, ба қароргоҳи артиши Олмон дар наздикии Берлин доир ба талафоти ғайринизомиён иттилоъ расидааст. Аммо мақомоти расмии Олмон аввал гуфта буданд, ки дар ҳамлаи ҳавоӣ танҳо ҷангҷӯёни Толиб ҳалок шуданд. Мақомоти Афғонистон мегӯянд, дар ҳамлаи мазкур дасти кам 30 ғайринизомӣ ҷон додаанд, ки барои гирифтани сӯзишворӣ ба назди ду мошини боркаши рабудашуда аз тарафи Толибон омада буданд.
XS
SM
MD
LG