Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эмомалӣ Раҳмон Иди Қурбонро табрик гуфт


Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон, мардуми кишварро бо Иди Қурбон табрик гуфт ва изҳори итминон кард, ки зиёда аз панҷ ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон, ки бо нияти адои маносики ҳаҷҷи акбар озими Маккаи мукаррама ва Мадинаи мунаввара шудаанд, барои суботу оромӣ ва ободиву шукуфоиии кишвари худ дасти дуо мебардоранд.

Раисҷумҳури Тоҷикистон дар паёми табрикотии худ ҳамчунин даъват ба амал овард, ки мардуми кишвар «нерӯи зеҳнӣ ва ғайрату ҳиммати худро ба созандагию бунёдкорӣ, таҳкими истиқлолияту давлатдории миллӣ равона карда, ҳамчунин, дар амри хайри тарбияи мардум, хусусан ҷавонон дар рӯҳияи дӯстиву бародарӣ, худогоҳиву худшиносӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ» саҳмгузор бошанд.

Ӯ гуфт, «фарҳанги исломӣ саршор аз ғояҳои олии инсондӯстӣ, талқингари меҳру шафқат ба ҳамдигар, хайру эҳсон, муомилаву муоширати неку бародарона, ахлоқи ҳамида ва илму маърифат мебошад ва ислом дар рушду такомули ҷомеаи башарӣ нақши ниҳоят бузург дорад.»

Президенти Тоҷикистон аз таҷдиди чопи тарҷумаи Қуръони карим ба теъдоди 50 ҳазор нусха, нахустин озмуни ҷумҳуриявии қориёни Қуръон, озмуни наъту муноҷот, мақоми давлатӣ касб кардани Донишкадаи исломӣ, ба фаъолият оғоз намудани Маркази исломшиносӣ, гузоштани хишти аввали масҷиди бузург дар Душанбе чорабиниҳои бахшида ба Соли Имоми Аъзам ёдовар шуд ва ин иқдомотро «нишонаи ҳусни таваҷҷӯҳи махсуси Ҳукумати кишвар ба масъалаҳои динӣ, таъмини озодии виҷдон ва ба таври солим густариш ёфтани муносибатҳои байни давлат ва иттиҳодияҳои динӣ» арзёбӣ намуд.

Эмомалӣ Раҳмон таъкид кард, ки «ислом дар тӯли беш аз чордаҳ аср ба яке аз ҷузъҳои таркибии фарҳанги тоҷикон табдил гардида, имрӯз аксари мутлақи мардуми кишвар пайрави мазҳаби таҳаммулгарои он, яъне ҳанафия мебошанд.»

Президенти Тоҷикистон баъдан имрӯз, 26-уми ноябр, ҷиҳати иштирок дар кори ҷаласаи Шӯрои байнидавлатии Иттиҳоди иқтисодии ЕврАзия дар сатҳи Сарони давлатҳо ба шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус сафар кард.
XS
SM
MD
LG