Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мизони хушунат алайҳи занон дар Тоҷикистон


Тибқи итилои масъулони Кумитаи кор бо занони Тоҷикистон, ҳудуди 30 дарсади занони ин кишвар мавриди хушунат дар хонавода қарор мегиранд.

Ин дар ҳолест, ки Созмони авфи байнулмилал ё Amnesty International гуфтааст, давлат натавонистааст занонро аз хушунат ва нақзи ҳуқуқи инсонии онҳо ҳимоят кунад. Зеро, ба таъкиди ин созмон, занон дар Тоҷикистон сари ҳар қадам мавриди бадрафтории ҷисмонӣ, равонӣ ва ҷинсӣ қарор мегиранд.

ШАҲОДАТИ ШОҲИДА


Шоҳида, як зани сокини шаҳри Ваҳдат, зимни нигаронӣ аз хушунат аз сӯи шавҳараш мегӯяд, бо вуҷуди ин қадар латукуб ва азият тавассути шавҳар ӯ наметавонад кореро дар муқобили вай анҷом бидиҳад. Зеро ба гуфтаи Шоҳида, ҳамеша падару модар насиҳаташ мекунанд, ки ҳеҷ гоҳ аз болои шавҳар шикоят накунад. Ин дар ҳолест, ки ҳамакнун муддати дувоздаҳ сол боз Шоҳида ҳамроҳи шавҳараш зиндагӣ дорад ва се фарзанд низ ҳосили ҳаёти пурмоҷарои онҳост.

Аммо Шафоат, ҷавонзани 30-солаи сокини шаҳри Душанбе, натавонистааст бадрафтории шавҳарашро таҳаммул кунад. Зеро ба гуфтаи Шафоат, шавҳараш ҳамеша маст ба хона меомад ва ӯро бе ҳеҷ гуноҳе маврид латукуб қарор медод. Шафоат мегӯяд, ҳатто боре бо рӯи пур аз ҷароҳат ба Кумитаи ҷавонон муроҷиат карда ва кормандони ин ниҳоди давлатӣ ӯро бо шавҳараш оштӣ додаанд.

Вале он гуна, ки Шафоат гуфт, дар ниҳоят латукуб, азият ва ҷангу ҷидол ба хонавайронӣ овард. Аммо бо он ки Шафоат аз ин кори кардааш, яъне ҷудо шудан аз шавҳараш, пушаймон нест, вале мегӯяд ҳамеша ба суоли ду фарзанди дӯструяш, ки пурсони падараш мешаванд, бо ашки шаш қатор посух медиҳад.

САБАБҲОИ ЗӮРОВАРӢ БО ЗАНОН

Албатта ин сарнавишти танҳо ду тан аз зани тоҷик аст, ки мавриди хушунати хонаводагӣ қарор гирифта, яке ин душвориро тоқат карда, вале дигаре аз он дасту дил шустааст. Аммо садҳо ва ҳазорон ҷавонзанони дигаре дар Тоҷикистон ба сар мебаранд, ки мавриди зӯроварии мардон дар хонавода қарор мегиранд.

Ин дар ҳолест, ки тибқи иттилои масъулони Кумитаи кор бо занони Тоҷикистон, пажӯҳишҳои созмонҳои иҷтимоӣ ва муроҷиати занон ба марказҳои вижаи ин ниҳоди давлатӣ собит кардааст, ки ҳамакнун 25-30 дарсади занон бо бадрафторӣ ва хушунати хонаводагӣ аз сӯи шавҳаронашон рӯ ба рӯ ҳастанд.

Мағфират Шокирова, як масъули Кумитаи кор бо занони Тоҷикистон, сабабҳои ин амрро чунин баён кард: «Пеш аз ҳама паст будани сатҳи иқтисодӣ омили зӯроварӣ алайҳи занон аст. Чун мушкили иқтисодӣ боиси нобасомониҳо ва ҷидолҳои оилавӣ мегардад. Сабаби дигар паст будани сатҳи маърифатнокии занон ва ҳам мардон аст. Чун онҳо ба оиладорӣ тайёр нестанд ва ин вазъ пайомадҳои нангинеро ба бор меорад. Ва ҳамчунин суннати мардсолорӣ дигар сабаби хушунат алайҳи зан аст».

Созмони афви байнулмилал ё Amnesty International мегӯяд, мақомоти Тоҷикистон бояд нақзи ҳуқуқи занонро на кори хонаводагӣ, балки ҷурми иҷтимоӣ шуморанд ва мавриди таъқибу муҷозот қарор диҳанд.

ҚОНУНҲОИ БЕАМАЛ

Масъулони Кумитаи кор бо занон низ бар ин назаранд, ки на дар ҳама ҳолат парвандаҳои марбут ба хушунат алайҳи занон дар додгоҳҳо ба таври бояду шояд расидагӣ ва ба нафъи занон ҳал мешаванд. Мағфират Шокирова, иллати ин амрро дар такмил нашудани қавонин, аз ҷумла мушаххас набудани навъҳои хушунат дар қонуни ҷиноӣ медонад. Ин дар ҳолест, ки Баҳодур Ҳомидов, як масъули баландпояи Додситонии кулли Тоҷикистон, ин иддаоҳоро рад мекунад ва мегӯяд, сохторҳои қудратӣ барои ҳимояи ҳуқуқи инсонии занон талошҳоеро анҷом медиҳанд.

Вай мегӯяд, «қонун мукаммал аст. Дар додгоҳ, прократура ва дигар ниҳод ҳар зани ҷабрдида муроҷиат кардааст, ҳатман ба шикояташ расидагӣ шудааст. Зеро қонуни ҷиноӣ бандеро дар мавриди ҷиноятҳои бар зидди шахсият ва обрӯ пешбинӣ карда, ки латукуб, расондани вазнин, сабук, миёна ва ҳатто то дараҷаи ба ҳалокат расондан дар он ифода ёфтааст. Вале дар мавриди он ки мурофиати зан ё марде, ки дар ниҳодҳои додситонӣ расидагӣ нашудааст, дар раёсати мо чунин нашудааст».

Аммо Абдуқаюм Юсуфов, вакили мудофеъ дар Тоҷикистон, бар ин назар аст, ки бо он ки баробарии ҷинсӣ миёни мардону занон дар ҷомеа вуҷуд надорад аз сӯи дигар дар бештари мавридҳо занон ба иллати надоштани дониши ҳуқуқӣ наметавонанд аз ҳуқуқи хеш дар додгоҳ дифоъ кунанд.

Ба гуфтаи ӯ, «барои он ки ҳуқуқи худро ҳимоя карда шавад бояд маводҳои лозимӣ, ба хусус санади судӣ-тиббӣ дар даст бошад. Чун бештари занон дониши ҳуқуқӣ надоранд, ба додгоҳ низ муроҷиат кунанд, аммо ин вижагиҳоро намедонанд. Ин аст, ки муҳокимаи додгоҳ ба нафъи онҳо ҳал намешавад».

ПАС ЧӢ БОЯД КАРД?

Бо таваҷҷӯҳ ба чунин вазъ масъулони Кумитаи кор бо занони Тоҷикистон тасвиби лоиҳаи «Қонун дар бораи ҳимояти иҷтимоӣ аз хушунати хонаводагӣ»-ро, ки аз се сол пеш таҳия ва борҳо дар маҳофили мухталиф баррасӣ шудааст, омили расидагӣ ба мушкилоти занон дар заминаи рафъи мавориди зӯроварӣ дар хонавода медонанд. Созмони афви байнулмилал низ бар ин назар аст, ки қабули ин ин қонун ҳуқуқи иҷтимоии занонро дар заминаи ҷилавгирӣ аз мавориди хушунати хонаводагӣ таъмин хоҳад кард.

Ин дар ҳолест, ки масъулони давлатӣ дар Тоҷикистон мегӯянд, дар ҳоли ҳозир, ки қавонини зиёде дар заминаи ҳифзу ҳимояи иҷтимоии занон мавриди амал аст, ниёзе ба қонуни ҷадид дар ин замина нахоҳад буд. Пас бо таваҷҷӯҳ ба чунин вазъ соҳибназарон иддао доранд, ки чунин мавзеъгирии масъулони давлатӣ нодида гирифтани пешниҳодот ва дархостҳои созмонҳои байнулмилалӣ, ба вижа Созмони афви байнулмилал аст.

Ба ин далел ин соҳибназарон мегӯянд, дар сурате, ки чунин бархӯрд аз сӯи масъулони давлатӣ вуҷуд дорад, пас ба ҳалли мушкили марбут ба хушунат алайҳи занон дар ояндаи наздик умедвор шудан нашояд.
XS
SM
MD
LG