Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Намоиши молу колоҳои Эрон дар Душанбе


Барои бори даҳум аст, ки дар шаҳри Душанбе намоишгоҳи мухталифи молу коло ва ғизои Ҷумҳурии Исломии Эрон доир мегардад. Вале ин бор дар ҳоле ки табодули молу коло байни Тоҷикистону Эрон рӯ ба коҳиш аст.

Эрон дар ин намоишгоҳҳо маъмулан бахши саноат, кишоварзӣ, фарҳанг ва фанновариро муаррифӣ мекунад.

Шумораи ширкатҳои муаррификунанда дар намоишгоҳи ахир каме бештар аз 60 адад буд, ки теъдоди ками он ширкатҳои барои бори нахуст дар чунин як намоишгоҳ дар Тоҷикистон ширкат доштанд.

Вале ҳадаф аз ин намоишгоҳ муаррифӣ ва омӯзиши бозори Тоҷикистон унвон мешуд. Намоишгоҳ то 27 ноябр идома хоҳад кард.

Аммо ин дар ҳолест, ки бӯҳрони ҷаҳонии иқтисодӣ нақши манфии худро ба иртиботи тиҷоратии Тоҷикистону Эрон гузоштааст. Табодули молу коло миёни ин ду кишвар дар қиёс ба як соли пеш ҳудуди 100 миллион доллар, тақрибан 60 дарсад коҳиш ёфтааст.

Вале ширкатдорон ва масъулини ширкатҳо мутмаинанд, ки иртибототи тиҷорату сармоягузорӣ ба иқтисоди ҳар ду кишварро тавсеа хоҳанд.

Навори радиои «Озодӣ» аз ҳамин намоишгоҳ аст:

Намоишгоҳи ширкатҳои эронӣ дар Тоҷикистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:05 0:00
XS
SM
MD
LG