Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешравӣ дар музокироти сари Қаробоғи кӯҳӣ


САҲА гуфт, ки дар музокироти рӯзи якшанбеи президентҳои Озарбойҷону Арманистон бар сари Қаробоғи кӯҳӣ пешравие ҳосил шудааст, вале бо ин вуҷуд ҳеҷ тасмиме дар ин замина гирифта нашуд. Дар изҳороти САҲА гуфта мешавад, ки ду президент дар гуфтугӯҳои Мюнҳен дирӯз пешниҳоди музокиракунандаҳои гурӯҳи Минскро, ки ба он Русия, Фаронса ва ИМА шомил ҳастанд, баррасӣ карданд. Қаробоғи кӯҳӣ дар қаламрави Озарбойҷон ҷойгир буда, вале аксар сокинонашро арманиҳо ташкил медиҳанд, ки баъди хушунатҳои оғози солҳои 1990-ум бо талаби ҷудоихоҳӣ раҳбарии ин анклавро ба таври мустақилона пеш мебаранд.
XS
SM
MD
LG