Пайвандҳои дастрасӣ

Имрӯз, 20-уми ноябр, дар Қасри варзиши «Самандар – асри XXI»-и шаҳри Турсунзода аввалин мусобиқаи кушодаи қаҳрамонии Тоҷикистон оид ба таеквон-до WTF шурӯъ шуд.

Алимаҳмад Мирзоев, муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба Радиои Озодӣ гуфт: «Дар ин мусобиқа ҳудуди 200 варзишгар аз Афғонистон, Кореяи Ҷанубӣ, Тоҷикистон, Узбакистон ва Эрон ширкат доранд. Мусобиқа байни мардону занон сурат гирифтааст. Ғолибон 21-уми ноябр муайян хоҳанд шуд».

Оқои Мирзоев афзуд, ба ин навъи олимпии варзиш дар айни ҳол ҳудуди 25 миллион варзишгар дар 118 кишвари ҷаҳон машғуланд. Дар ватани таеквон-до WTF – Кореяи Ҷанубӣ бошад, беш аз якуним миллион нафар шуғл меварзанд. Дар Тоҷикистон низ ин риштаи варзиш солҳои ахир рушд кардааст ва ҳоло дар манотиқи мухталифи кишвар беш аз се ҳазор варзишгар ба таеквон-до WTF мунтазам машқ мекунанд.

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG