Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нерӯгоҳи "Сангтӯда -1"-ро хомӯш мекунанд?


Масъулини нерӯгоҳи обию барқии «Сангтӯда-1» ба унвони нахуствазири Тоҷикистон Оқил Оқилов нома навишта, ҳушдор додаанд, ки агар то якуми декабр ширкати «Барқи тоҷик» ҳудуди 10 миллион доллар қарзи худро напардозад, масъулини «Сангтӯда-1» ночор додани барқро қатъ хоҳанд кард.

Мудири генералии нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» Раҳметулла Алҷанов дар сӯҳбат ба радиои Озодӣ вазъи фаннии нерӯгоҳро хатарнок арзёбӣ намуд ва таъкид кард, ки агар ҳукумати Тоҷикистон ба ҳалли пардохти қарз мусоидат накунад, онҳо маҷбур мешаванд, ки интиқоли барқро бас кунанд.

Ӯ гуфт: «Бо назардошти қарзҳои пешин ва мувофиқи нархномаи нави барқ дар Тоҷикистон қарзи ширкати «Барқи тоҷик» баробар ба 10 миллион доллар мебошад. Мегӯянд, ки вазъи молӣ хароб аст, илова ба ин, ҳукумати кишвар барои пардохти қарз дахолат намекунад. Вазъи техникии нерӯгоҳ бисёр сангин аст, мо маҷбур шудем ба Оқил Оқилов нома нависем, ки агар ҳол ҳамин тавр идома кунад, лозим мешуморем, ки дар таърихи 1-уми декабр додани барқро ба ширкати «Барқи тоҷик» қатъ кунем.»

Масъулини ширкати «Барқи тоҷик» дар масъалаи наҳваи баргардонидани қарз чизе намегӯянд. Танҳо Санъат Раҳимов, раиси ширкат, ба хабаргузориҳо гуфтааст, Тоҷиистон 25 дарсади саҳмияи ин нерӯгоҳро соҳиб мебошад. Вай таъкид кардааст, ки раҳбарияти «Сангтӯда-1» ҳаққи ҳуқуқии қатъи барқро надорад. Ин масъаларо вазоратҳои энергетикии Тоҷикистону Русия ҳал мекунанд.

Раҳметулла Алжанов дар посух ба ин иддао мегӯяд: «Дар қарордоди мо, яъне, миёни ширкати «Барқи тоҷик» ва «Сангтӯда-1» имзои ҷаноби Санъат Раҳимов истодааст, на имзои кадом вазири энергетика. Мо бар асоси қарордод ҳақ дорем, ки додани барқро то сирф маҳдуд кунем. Мо бо ин ҳеҷ гуна амали ғариқонунӣ намекунем.»

Масъулини «Сангтӯда-1» мегӯянд, онҳо барқи тавлидшударо ба «Барқи тоҷик» мефурӯшанд ва тавзеъи барқ ба манотиқ ҳаққи ширкат аст.

Дар ҳамин ҳол, ахиран «Барқи тоҷик» додани барқ ба манотиқи Тоҷикистонро маҳдуд кард. Ба иттилои вазорати энергетикаи Тоҷикистон, дар ҳоли ҳозир, захоири оби обанбори нерӯгоҳи Норак бисёр кам шудааст. Аз берун ба Тоҷикистон тақрибан барқ намеояд.
XS
SM
MD
LG