Ин гузориш мегӯяд, феълан дар ҷаҳон 634 миллион кӯдаки зери синни 5 ба сар мебарад ва танҳо соли гузашта дар дунё 8 миллион 800 ҳазор кӯдаки зери синни 5 фавтидааст. Бино бар бароварди ЮНИСЕФ, соли гузашта мизони миёнаи маргумири атфоли зери синни 5 дар ҷаҳон 65 кӯдак аз ҳар ҳазор тифлро ташкил додааст.
Мизони маргумири чунин атфол дар Тоҷикистон дар соли 2008 назар ба ин омори миёна андаке камтар, яъне 64 кӯдаки зери синни 5 аз ҳар ҳазор кӯдак буда, вале Тоҷикистон аз лиҳози фавти атфоли хурдсол дар байни кишварҳои пасошӯравӣ ҳамчунон дар зинаи поинтарин қарор доштааст. Барои мисол, дар се кишвари соҳиби Балтик – Эстония ва Литваву Латвия ин рақам ҳамагӣ аз 6 то 9 кӯдак аз ҳар ҳазор тифлро ташкил дода, дар Русияву Беларус ба 13 баробар будааст. Дар Қазоқистон соли гузашта аз ҳазор кӯдаки зери синни 5 - 30 кӯдак, дар Узбакистону Қирғизистон – 38 ва дар Туркманистон – 48 кӯдак, ба қавле, аз сад гул як гулашон ношукуфта, оламро падруд гуфтаанд.
Шералӣ Раҳматуллоев, кафили раҳбари раёсати ташкили хидматрасониҳои тиббӣ, модару атфол ва танзими оилаи Вазорати тандурустии Тоҷикистон аммо гуфт, ки тибқи омори онҳо, соли гузашта аз ҳар ҳазор тифли зери синни 5 ҳамагӣ 19 нафараш фавтидаанд. Оқои Раҳматуллоев фарқи омори расмии Душанбе аз омори ЮНИСЕФРО ба фарқи методологияи муҳосибаи мавориди фавти атфол бастагӣ медиҳад.

Олими беамал- занбӯри беасал. Гапи ҳақро мерасогдаги олимони аслии Ислом воизи ва даъват мекарданд. Барои ҳамин ҳам аксарашон таъкибу зиндони ё кушта мешуданд аз тарафи ҳукумдорон. Кадом домулло хапак мегашт ва ба ҳама нагмаҳои подшоҳу вазирон бале мегуфтанд, зиндагии оромона ва серу пур доштанд то дами маргашон.
)
Чароги зулми золим то дами махшар намесузад
Раиси чумхур бисер шахси донову зирак аст, холо сохибкоре,ки бо воридоти махсулоти ниёзи аввал машгул аст аз бочи гумруки озодаш мекунад, чунки раиси чумхур гамхори миллат аст, бо чунин гамхориаш хамаи хешу таборонашро аз бочи гумрук озод карда истодааст , лекин нархи махсулот боло рафтан мегирад,
Ҳастанд бисёр нафароне,ки шояд фикран ва ҷисмонан носолиманд, худсарона сабте, ки маълум нест, бо кадом роҳ ба даст овардааст, ба Ютуб ҷойгир мекунад. Ин интернет, ки тамоми ҷаҳон тамошо мекунад, ҷавону пиру, солиму носолим, бо ҳар гуна ақидаҳои пешрафтаву ақибмонда.