Футболбозони тоҷик дар сабқати интихобии қаҳрамонии Осиё дар гурӯҳи «А» дар шаҳри Ҳошимини Вйетнам се бозӣ анҷом доданд. Онҳо дар нахустин бозии худ бар тими Туркманистон бо ҳисоби 7:3 пирӯз шуданд. Шерзод Ҷумъаев чаҳор гол, Алишер Улмасов ва Дилшод Восиев якголӣ ба самар расонданд. Инчунин як голро бозигари туркман Байраммурод Эсенмамедов ба дарвозаи дастаи худ зад.
Вале дастаи Тоҷикистон дар бозии дуввумаш аз тими Қирғизистон бо ҳисоби 2:3 шикаст хӯрд. Ду голи Тоҷикистонро Алишер Улмасов ва Фатҳулло Фатҳуллоев ба ҳадаф расонданд.
Мунтахаби Тоҷикистон дар бозии севумаш тими Афғонистонро бо ҳисоби бузурги 10:2 шикаст дод. Шерзод Ҷумъаев ва Алишер Улмасов 3-голӣ, Фатҳулло Фатҳуллоев 2 гол, Акмал Ҷумъаев ва Мансур Мамадбобоев 1-голӣ ба самар расонданд.
Ба ин тартиб дастаи Тоҷикистон дар гурӯҳи худ бо 6 имтиёз (таносуби тӯбҳо – 19-8) дар ҷои дуввум қарор гирифт. Қирғизистон бо 7 имтиёз (13-7) ғолиби гурӯҳ шуд. Туркманистон бо 4 имтиёз (7-9) ҷои севумро касб кард. Ҳарсе даста ба марҳилаи ниҳоӣ роҳ ёфтанд.
Вале дастаи Афғонистон, ки дар ҳарсе бозӣ аз тими Қирғизистон бо ҳисоби 3:8, Туркманистон - 0:2 ва Тоҷикистон – 2:10 шикаст хӯрд, бидуни имтиёз дар зинаи охирин ҷойгир шуд ва аз ҳаққи ширкат дар сабқати ниҳоӣ маҳрум гашт.
Дар айни ҳол даҳ дастаи ширкаткунандаи сабқати ниҳоии қаҳрамонии футзали Осиё, ки соли оянда дар Узбакистон баргузор мешавад, муайян шудаанд: Эрон (қаҳрамони Осиё), Тайланд (барандаи ҷоизаи нуқра), Ҷопон (барандаи ҷоизаи биринҷӣ), Узбакистон (мизбони сабқати ниҳоӣ), Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Ироқ, Лубнон ва Кувайт.
Инчунин аз се гурӯҳи дигари сабқати интихобӣ шаш дастаи беҳтарин соҳиби роҳхатҳо ба марҳилаи ниҳоӣ хоҳанд шуд.