Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз бойгонии Нарзулло Латифов


Нарзулло Латифов ҳини шореҳии Бозиҳои олимпии Пекин-2008
Нарзулло Латифов ҳини шореҳии Бозиҳои олимпии Пекин-2008

Хонандаи ин сомона ва мухлиси ашаддии футбол, Бахтиёр аз Зафаробод, хоҳиш карда буд, то сабтҳои садоии гузоришҳои Нарзуллоҳи Латиф, хабарнигори радиои Озодӣ, шореҳи маъруфи варзиш ва раиси Иттиҳоди журналистони риштаи варзиши Тоҷикистонро пешниҳод кунем.

Ин дархости Бахтиёрро ба инобат гирифта, ду файли аудиоии гузоришҳо аз бозӣ миёни "Помир" ва "Динамо"-и Маскав дар сабқати Лигаи Олии Иттиҳоди Шӯравӣ дар соли 1989 дар шаҳри Маскавро ва ҳамчунин шореҳии мустақими Нарзуллоҳи Латиф аз бозии ниҳоии сабқати футболии Бозиҳои Олимпии Пекин-2008 миёни мунтахабҳои Аргентина ва Нигерия пешниҳод мекунем.
XS
SM
MD
LG