Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон бо 1 медал дар Осиё 31-ум шуд


Бозиҳои III осиёӣ дар иншооти сарпӯшида, ки дар пойтахти Вйетнам - шаҳри Ханой бо ширкати беш аз дуним ҳазор варзишгари 43 кишвари қора аз рӯи 27 навъи варзиш тӯли даҳ рӯз идома карданд, бо пирӯзии дастаи мунтахаби Чин ба анҷом расиданд.

Ҳамагӣ варзишгарони 34 кишвар бо медалҳо сарфароз шуданд. Дастаи ғолиб - мунтахаби Чин - 48 медали тилло, 25 нуқра ва 19 биринҷӣ ба даст овард. Тими мизбон – Вйетнам - бо касби 42 медали тилло, 30 нуқра ва 22 биринҷӣ дар ҳисоби умумидастаӣ дуввум шуд. Дастаи мунтахаби Қазоқистон, ки соҳиби 21 медали тилло, 16 нуқра ва 21 биринҷӣ гардид, мақоми севумро касб кард.

Байни даҳ дастаи беҳтарин, инчунин, Тайланд, Эрон, Кореяи Ҷанубӣ, Ҳиндустон, Ҳонгконг, Индонезия ва Узбакистон ҷойгир шуданд.

Дар ин бозиҳо дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ду ришта -гуштии кураш ва футзал ҳунарнамоӣ карда, бо як медали нуқра дар ҷои 31-ум қарор гирифт. Ин медалро ба Тоҷикистон Парвиз Собиров, паҳлавони тоҷик, дар риштаи гуштии кураш овард. Вай дар рақобатҳо дар вазни то 90 килограмм дар даври муқаддамотӣ бар намояндаи Қазоқистон Руслан Абдураззоқов пирӯз шуда, дар даври баъдӣ бар гуштигири Ҷопон Масато Ишизаки ғалаба кард. Вале ӯ дар даври ниҳоӣ аз паҳлавони Эрон Ҳусейн Ҷомӣ мағлуб шуд ва мақоми дуввумро касб намуд.
XS
SM
MD
LG