Варзишгарони тоҷик 8-уми ноябр озими Чин шуданд. Ба ҳайати дастаи мунтахаби кишвар панҷ нафар шомиланд. Се нафар -Дилшод Назаров, Галина Митяева ва Алишер Эшбеков - дар гурзандозӣ, ду нафари дигар - Аҷмал Амиров дар давидан ба масофаҳои 1500 ва 5000 метр, Фарҳод Қуралов дар давидан ба масофаҳои 400 ва 800 метр - қувваозмоӣ хоҳанд кард.
Дилшод Назаров, раиси Федеросиюни варзиши сабуки Тоҷикистон, ба Радиои Озодӣ гуфт, варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи қитъавӣ бо кӯмаки молиявии Ширкати мобилии Тоҷикистон (МЛТ), сарпарасти дастаи мунтахаби кишвар, ширкат меварзанд.