Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷоми даъвати AFC - феврали 2010 дар Шри-Ланка


Марҳилаи ниҳоии Ҷоми даъвати Конфедеросиюни футболи Осиё (AFC) аз 3-юм то 14-уми феврали соли 2010 дар Шри-Ланка баргузор хоҳад шуд.

Дар даври ниҳоӣ дорандагони ҷоизаҳои мусобиқоти пешин – дастаҳои мунтахаби Ҳиндустон, Тоҷикистон ва Куриёи Шимолӣ, ҳамчунин, тимҳои миллии Қирғизистон, Туркманистон, Мянмар, Шри-Ланка ва Бангладеш, ки дар сабқати интихобӣ соҳиби роҳхатҳо шудаанд, ширкат хоҳанд кард.

Дастаҳои рақиб бар асоси қуръакашӣ, ки 30-юми ноябр дар меҳмонхонаи «Galadari»-и пойтахти Шри-Ланка – шаҳри Коломбо баргузор мешавад, муайян хоҳанд шуд.

Дастаҳо ба ду гурӯҳ тақсим мешаванд. Баъдан бозиҳои ниманиҳоӣ ва ниҳоӣ баргузор хоҳанд шуд.

Барандаи Ҷоми даъвати AFC-2010 соҳиби роҳхати ягона ба Ҷоми Осиё-2011 мешавад. Дар мавриди пирӯзии мунтахаби Ҳиндустон, ғолиби мусобиқаи порсола, роҳхат насиби дастае мешавад, ки ҷои дуввумро касб мекунад.

Воқеъан, соли гузашта мунтахаби Тоҷикистон дар бозии ниҳоӣ аз тими мизбон – Ҳиндустон бо ҳисоби 1:4 шикаст хӯрда буд.

Ҷоми даъвати AFC аз соли 2006 барои севвумин бор доир хоҳад шуд. Дастаи Тоҷикистон нахустин барандаи ин Ҷом ба шумор меравад.
XS
SM
MD
LG