Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

16 даста - дар сабқати ниҳоии қаҳрамонии наврасони Осиё


Дар марҳилаи ниҳоии мусобиқаи қаҳрамонии Осиё байни футболбозони то 16-сола, ки аз 2-юм то 16-уми октябри соли 2010 баргузор хоҳад шуд, 16 дастаи мунтахаби наврасони кишварҳои қора ширкат хоҳанд кард.

Ба марҳилаи ниҳоӣ ду дастаи беҳтарин аз ҳар як гурӯҳ (А – G), инчунин, ғолиби гурӯҳи Н ва беҳтарин даста байни тимҳое, ки дар сабқати интихобӣ ҷойҳои севумро касб карданд, роҳхат гирифтанд.

Барои ҳаққи мизбонии мусобиқаи қитъавӣ метавонанд танҳо кишварҳои ба марҳилаи ниҳоӣ роҳёфта муддаъӣ бошанд.
Соҳибони роҳхатҳо ба сабқати ниҳоӣ:
ГурӯҳиA: Узбакистон, Кувайт;
Гурӯҳи B: Эрон, Тоҷикистон;
Гурӯҳи C: Сурия, Ироқ;
Гурӯҳи D: АМА, Урдун;
Гурӯҳи E: Ҷопон, Индонезия
Гурӯҳи F: Чин, Тимори Шарқӣ
Гурӯҳи G: Кореяи Шимолӣ, Вйетнам
Гурӯҳи H: Австралия
Беҳтарин дастаи ҷойҳои севум (гурӯҳҳои А-G): Уммон (гурӯҳи D).

XS
SM
MD
LG