Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тошканд шабакаи ягонаи барқро барҳам заданист


Як мақоми аршади ҳукумати Узбакистон изҳор дошт, ки кишвараш ба зудӣ аз шабакаи ягонаи барқи Осиёи Марказӣ хориҷ хоҳад гашт.

Исо Саъдуллоев, раиси ширкати "Узбакэнерго", мегӯяд, шеваи истифодаи нерӯи барқ дар кишварҳои ҳамсоя сабаби чунин тасмими Тошканд шудааст. Вай афзуд, Тоҷикистон дар соли гузашта ба таври ғайриқонунӣ наздик ба 100 миллион киловатт-соат нерӯи барқро аз шабакаи моли худ кардааст.

Ин изҳорот дар ҳоле садо медиҳад, ки чунин баҳс байни Тоҷикистон ва Қазоқистон идома дошта, Узбакистон пайванди шабакаӣ дар байни ду кишвар аст. Мақоми Узбакистон ҳамчунин гуфтааст, барои интиқоли нерӯи барқ аз Қазоқистон ба Тоҷикистон ва Узбакистон пул талаб хоҳад кард.

Ахиран Узбакистон бо истинод ба корҳои таъмиру бозсозӣ системаи шабакаи барқии ҷануби худро, ки бо Тоҷикистон васл аст, аз шабакаҳои воҳиди Осиёи Марказӣ ҷудо кардааст, ки интиқоли барқи Туркманистон ба Тоҷикистонро ғайриимкон гардонидааст ...
Дар ҳамин ҳол мақомоти Тоҷикистон хостори гуфтушунид бо Тошканд дар масъалаи интиқоли барқи Туркманистон тавассути ин кишвар шудаанд. Ахиран Узбакистон бо истинод ба корҳои таъмиру бозсозӣ системаи шабакаи барқии ҷануби худро, ки бо Тоҷикистон васл аст, аз шабакаҳои воҳиди энержии Осиёи Марказӣ ҷудо кардааст, ки интиқоли барқи Туркманистон ба Тоҷикистонро ғайриимкон гардонидааст.

Қазоқистон ва Қирғизистон барои пешгирӣ аз таъсири барояшон харобиовари хуруҷи Узбакистон аз шабака масъалаи пайванди мустақими шабакаҳои барқи худро баррасӣ мекунанд. Қазоқистон ҳам бо эътироз аз истифодаҳои ғайриқонунии барқ дар ин шабака, махсусан аз ҷониби Тоҷикистон, низ тасмим гирифтааст, шабакаро тарк кунад.

Ширкати «Барқи тоҷик» низ ин иқдоми Тошкандро сабаби бидуни эъломи режими барқрасонӣ қатъ кардани интиқоли барқ ба навоҳии Тоҷикистон номид.

Шабакаи ягонаи барқи Осиёи Марказӣ ҳануз дар даврони Шӯравӣ шакл гирифта буд ва то ҳол панҷ кишвари минтақа бо ин системаи умумӣ нерӯи барқро ройгон интиқол ва табодул мекунанд.

Вале тайи солҳои ахир ихтилофҳои назар бар сари ин шабакаи умумӣ дар байни ҳамаи кишварҳои узви он ба назар мерасад. Қаблан Тошканд ҷониби Қирғизистон ва Қазоқистонро огоҳ кард, ки аз ин ба баъд содироту воридоти нерӯи барқро аз тариқи қаламрави худ барои ин ду кишвар ҳамчун транзит ҳисоб намуда, пули интиқоли транзитиро талаб хоҳад кард, ки боиси нигаронии Бишкек гардид.

Ҳамчунин як ҳафта қабл намояндаи «Шабакаҳои барқи миллии Қирғизистон» эълон кард, ки эҳтимол дорад Қазоқистон низ аз системаи умумии барқи Осиёи Марказӣ хориҷ шавад ва сабаби ин тасмимро ба истифодаи аз меъёр бештари барқ аз сӯи Тоҷикистон номид.

Ин ихтилофоти назар баёнгари он аст, ки дар робита ба истифода аз захоири энержӣ кишварҳои минтақа, ки дар вобастагии шадид аз якдигар қарор доранд, натавонистаанд дар ҳалли ин мавзӯъ забони муштарак пайдо кунанд.
XS
SM
MD
LG