Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Медали нуқраи паҳлавони тоҷик дар Вйетнам


Парвиз Собиров, паҳлавони тоҷик
Парвиз Собиров, паҳлавони тоҷик

Парвиз Собиров, паҳлавони тоҷик, дар Бозиҳои III осиёӣ дар иншооти сарпӯшида, ки дар пойтахти Вйетнам - шаҳри Ханой ҷараён доранд, дар риштаи гуштии «кураш» медали нуқра ба даст овард.

Вай дар рақобатҳо дар вазни то 90 килограмм дар даври муқаддамотӣ бар намояндаи Қазоқистон Руслан Абдураззоқов пирӯз шуда, дар даври баъдӣ бар гуштигири Ҷопон Масато Ишизаки ғалаба кард. Вале Парвиз Собиров дар даври ниҳоӣ аз паҳлавони Эрон Ҳусейн Ҷомӣ мағлуб шуд ва мақоми дуввумро касб намуд.

Дар Бозиҳои III осиёӣ дар иншооти сарпӯшида, ки дар пойтахти Вйетнам - шаҳри Ханой аз рӯи 27 навъи варзиш то 8-уми ноябр идома мекунанд, беш аз дуним ҳазор варзишгар аз 43 кишвари Осиё ширкат доранд.

Дар ҳисоби умумидастаӣ ҳоло мунтахаби Чин бо касби 54 медал, аз ҷумла 26 тилло, дар ҷои аввал мебошад. Дастаи Вйетнам, ки ҳамагӣ 56 медал, аз ҷумла 22 нишони тилло гирифтааст, дар ҷои дуввум қарор дорад. Дастаи Кореяи Ҷанубӣ (30 медал, аз ҷумла 12 тилло) дар зинаи севум ҷойгир шудааст. Байни 30 кишваре, ки соҳиби медалҳо шудаанд, Тоҷикистон бо 1 медали нуқра ҷои 28-умро касб кардааст.
XS
SM
MD
LG