Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон аз сабқати ниҳоӣ маҳрум шуд


Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар сабқати интихобии қаҳрамонии Осиё байни футболбозони то 19-сола аз тими Урдун бо ҳисоби 0:2 шикаст хӯрд.

Ин бозии даври панҷуми гурӯҳи «А» 4-уми ноябр дар варзишгоҳи Дашрати пойтахти Непал - шаҳри Катманду барпо гашт. Голҳоро Халид Алӣ Ҳамза (дақиқаи 63-юм) ва Салим Маҳмуд (69-ум) ба самар расонданд.

Дастаи Урдун, ки бо 13 имтиёз дар гурӯҳи «А» ғолиб шуд, ба сабқати ниҳоӣ роҳхат гирифт. Вале дастаи Тоҷикистон, ки бо 9 имтиёз ҷои севумро касб кард, аз ҳаққи ширкат дар марҳилаи ниҳоӣ маҳрум гашт.

Тақдири роҳхати дуввум пас аз бозии даври охирин байни дастаҳои Қирғизистон ва Яман ҳал шуд. Дастаи Яман, ки бо ҳисоби 3:1 ғалаба кард, бо 11 имтиёз ҷои дуввумро гирифт ва соҳиби роҳхат ба сабқати ниҳоӣ гардид.
XS
SM
MD
LG