Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду медали биринҷии муштзанҳои тоҷик дар Русия


Варзишгарони ҷавони тоҷик дар мусобиқаи байнулмилалӣ оид ба бокс барои дарёфти ҷоизаи хотираи Николай Павлюков, муштзани маъруф, дар шаҳри Анапаи Русия ду медали биринҷӣ ба даст оварданд.

Абдурашид Маҳмадҷонов, мураббии варзидаи бокси тоҷик, ба радиои Озодӣ гуфт, дар ин мусобиқаи байнулмилалӣ, ки барои дуввумин бор баргузор шуд, 111 варзишгар аз 13 кишвар ширкат варзиданд. Шарафи Тоҷикистонро ду муштзани ҷавон ҳимоя карданд.

Меҳроҷиддин Каримов, шогирди мактаби махсуси бокси шаҳри Душанбе, дар вазни беш аз 91 кг бар рақибаш Александр Скорий, аз Укроин, барандаи ҷоизаи мусобиқаи қаҳрамонии Аврупо, аз рӯи холҳо бо ҳисоби 16:10 дастболо шуда, ба нимфинал баромад. Вале Меҳроҷиддин ба иллати лат хӯрдан аз идомаи мубориза даст кашид ва дар натиҷа ҷои севумро касб кард. Оқои Маҳмадҷонов афзуд, Меҳроҷиддин Каримови 17-сола, ки дар ҳамин ҳол қадаш 2 метру 17 сантиметр ва вазнаш беш аз 105 кг мебошад, ҳамагӣ дар 12 қувваозмоӣ ширкат карда, дар 11-тоаш пирӯз гаштааст.

Ба иттилоъи Абдурашид Маҳмадҷонов, инчунин, намояндаи дигари Тоҷикистон Ораз Афзалшоев, шогирди мактаби варзишии шаҳри Хоруғ, дар вазни то 54 кг ҷои севумро касб карда, бо медали биринҷӣ сарфароз шуд.

Ба ғолибони ин мусобиқа 700-долларӣ, барои ҷойҳои дуввум 500-долларӣ ва барои ҷойҳои севум 300-долларӣ супурда шуд.
XS
SM
MD
LG