Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барандагони медалҳои нуқраю биринҷӣ муайян шуданд


Пас аз натиҷагирии бозиҳои даври 18-уми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ соҳибони медалҳои нуқраву биринҷӣ муайян шуданд.

Дастаи «Регар ТадАЗ»-и Турсунзода, ки 1-уми ноябр дар майдони худ тими «Хуҷанд»-и Хуҷандро бо ҳисоби бузурги 5:0 шикаст дод, ҷои дуввумро касб кард ва бо медалҳои нуқра сарфароз хоҳад шуд. Хуҷандиҳо, ки ҷои севумро азони худ карданд, бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида мешаванд.

Дар ин бозӣ Даврон Эргашев ду гол (дақиқаҳои 16-ум ва 19-ум), Мансур Ҳакимов (22-юм), Хуршед Маҳмудов (40-ум) ва Давронҷон Тухтасунов (75-ум) якголӣ ба самар расонданд.

Дар бозии дигари даври 18-ум ССКА «Помир»-и Душанбе ба дарвозаи тими меҳмон – «Гвардия»-и Душанбе се голи беҷавоб зад. Нахуст Улуғбек Маҳмудов, бозигари «Гвардия», дар дақиқаи 29-ум тӯбро вориди дарвозаи дастаи худ кард. Ду голи дигарро Сафархон Мирзоев (56-ум) ва Искандар Гадоев (79-ум) заданд.

Дастаи «Вахш»-и Қӯрғонтеппа, ки пешакӣ ба унвони қаҳрамони футболи Тоҷикистон дар соли 2009 мушарраф гардида буд, дар даври охирин бидуни рақобат бо «Спитамен»-и Спитамен (ба иллати набуди маблағ аз ширкат дар давраи дуввуми мусобиқа даст кашид) боз соҳиби се имтиёз шуд.

Бад-ин тартиб Вахш» бо 46 имтиёз дар садри ҷадвали мусобиқа қарор гирифт. «Регар» ТадАЗ бо 41 имтиёз ҷои дуввум ва «Хуҷанд» бо 40 имтиёз ҷои севвумро касб карданд. Вале футболбозони шаҳри Турсунзода як бозӣ камтар анҷом додаанд.

«Регар» ТадАЗ бозии мавқуфмондаи даври 17-умро 8-уми ноябр дар меҳмонӣ бо «Энергетик»-и Душанбе анҷом хоҳад дод. Инчунин бозии мавқуфмондаи даври 18-ум байни дастаҳои «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров ва «Энергетик» 14-уми ноябр баргузор хоҳад шуд.

Мавқеъи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа то 8-уми ноябр

Ҷой

Дастаҳо

Б

Ғ

М

Б

Т/Т

И

1.

«Вахш»

18

15

1

2

44-15

46

2.

«Регар» ТадАЗ

17

13

2

2

45-11

41

3.

«Хуҷанд»

18

13

1

4

36-15

40

4.

«Истиқлол»

18

11

3

4

41-18

36

5.

«Энергетик»

16

8

2

6

37-24

26

6.

«Парвоз»

17

7

4

6

27-21

25

7.

«Равшан»

18

5

2

11

25-45

17

8.

СCКА «Помир»

18

2

2

14

16-42

8

9.

«Гвардия»

18

2

2

14

10-55

8

10.

«Спитамен»

18

1

3

14

9-44

6


Беҳтарин голзанҳо: Нӯъмон Ҳакимов («Вахш») – 15 гол, Юсуф Рабиев («Истиқлол») – 14 гол, Сӯҳроб Ҳамидов («Энергетик») - 12 гол.
XS
SM
MD
LG