Тӯдаи пашшаву магасҳо ва бӯи баде, ки ба машом мерасад,имкони ҳатто 5 дақиқа тоқат кардан дар ин мавзеъро намедиҳад. Аммо Акмали 7-сола ҳамрӯза чандин соати худро дар ин партовгоҳ бо ҷамъ кардани шишаву оҳан мегузаронад.
Аслан дар ин партовгоҳ ба мисли Акмал кӯдакони зиёдеро дидан мумкин аст, ки барои ҷамъоварии ҳезуму шиша ва дигар ашёи истифодашуда меоянд. Ва зоҳиран ҳеҷ яке аз онҳоро муҳити ифлосу бӯи бади ин мавзеъ нигарон намекунад.
Акбар, яке аз мусоҳибони мо, ки ба ин партобгоҳ пасмондаҳоро меорад, мегӯяд, ба дидани кӯдакони зиёд дар ин мавзеъ аллакай одат кардааст.
Аксари кӯдаконе, ки мо бо онҳо дар ин партовгоҳ сӯҳбат кардем, сару рӯи ифлос ва дастони олуда доштанд. Онҳо мегӯянд, аксар вақт аз дарди шикам ранҷ мебаранд, аммо ин наметавонад садде бошад барои омадан ба ин ҷо. Ин ҳам дар ҳоле, ки пизишкон мегӯянд, ба эҳтимоли қавӣ ин кӯдакон аллакай гирифтори киҷҷа ва ё кирми рӯдаву меъдаанд, ки ба рушди ин кӯдакон монеъ мешавад.
Ба маълумоти масъулони Вазорати беҳдошти кишвар дар Тоҷикистон бинобар вазъи бади беҳдорӣ ҳудуди 90 дарсади атфоли то 14-сола аз киҷҷа ранҷ мебаранд.
Киҷҷаҳо аз истеъмоли оби ноҷӯшонида, меваю сабзавоти ношуста ва дастони олудаву хӯроке, ки дар ҷои ифлос истеъмол мешавад, ба бадани инсон ворид мегарданд.
Бо назардошти он, ки дар Тоҷикистон гирифтор шудани кӯдакон ба ин навъи беморӣ авҷ мегирад вазоратҳои беҳдошт ва маорифи Тоҷикистон бо ҳамдастии бунёди Юнисеф маъракаи бекирмгардониро дар мактабҳои миёнаи кишвар баргузор мекунанд. Ҷалолиддин Амиров, як маъсули маориф мегӯяд, қарор аст ин ҷорабинӣ беш аз як миллион хонандагонро фаро бигирад.
Тоҳир Шерхонов, муовини Маркази мубориза бо бемориҳои тропикӣ мегӯяд, аслан чорабинии бекирмгардонии кӯдакон бояд соле 2 бор баргузор шавад.
Шифохонаи бемориҳои сироятии кӯдаконаи шаҳри Душанбе ин шабу рӯз пур аз бемор аст. Умеди 13-сола 1 ҳафта инҷониб дар ин беморхона табобат мегирад. Вай мегӯяд, ташхис дар меъдаву рӯдаи вай 3 намуди киҷҷаро муайян кардааст.
Ҷамила Умарова, яке аз масъулони ҳамин беморхона мегӯяд, аз 150 навъи гиҷҷа дар миёни атфоли тоҷик 20 намудаш бештар мушоҳида мешавад ва яке аз аввалин нишонаҳои доштани гиҷҷа пайдоиши шукуфа дар пӯст ва лоғарии кӯдакон будааст.
Бо ин ҳама гуфта мешавад, соле 1 маротиба бо тақсимкунии доруҳои зидигиҷҷа наметавон ин бемориро пурра табобат кард,дар ҳоле,ки шароити аксари кӯдакистонҳо ва макотиби миёнаи кишвар ба талаботи беҳдори ҷавобгӯ нест ва ағлаби сокинон ба оби поки ошомиданӣ дастрасӣ надоранд.
Ба наздикӣ аз тарафи вазири тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Салимов ва вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Раҳмонов оиди гузаронидани маъракаи бекирмгардонӣ фармони якҷоя ба тасвиб расид.
Ин чорабинӣ бо мақсади паст намудани сатҳи паҳншавии бемориҳои гелминтӣ ва кам намудани миқдори гелминтҳо дар бадани мактаббачагони синни 7-14 солаи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз 28 то 30 октябри соли 2009 гузаронида шуд. Дар назар буд, ки ин чорабинӣ ҷамъ 1 336 139 нафар мактаббачагонро дар тамоми ҷумҳурӣ фаро гирад.
Тибқи ин фармон ҳамаи сардорони раёсатҳои тандурустӣ ва маорифи вилоятҳо, шаҳри Душанбе, сартабибони беморхонаҳои марказӣ ва мудирони шӯъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ вазифадор карда шудаанд, ки барои гузаронидани корҳои ташкилӣ ва назоратӣ оид ба чорабинии бекирмгардонӣ дар байни мактаббачагони синни 7-14 солаи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ шахсони мутасаддиро таъин намуда, гурӯҳҳои назоратиро созмон диҳанд ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳоро оид ба гузаронидани ин чорабинӣ воқиф намоянд.
Масъулони Вазорати беҳдошт ва намояндагони Юнисеф дар нишасти матбуъотӣ гуфтанд, ки ҳудуди 70 дарсади кӯдакон дар Тоҷикистон киҷҷа ё кирми руда дорад.
Дар ин нишаст аз хабарнигрон дархост шуд, ки барои огоҳсозии мардум аз риояти қавоиди беҳдорӣ кӯмак кунанд. Зеро ба гуфтаи онҳо яке аз сабабҳои афзоиши теъдоди кӯдаконе ки киҷҷа доранд, вазъи бади беҳдорӣ будааст.
Аммо Мавлуда Раҳматова яке аз хабарнигрони тоҷик мегӯяд, ки дар шароити кунунӣ дар Тоҷикистон кӯдаки зери синни шаш солро дар шароити хуби беҳдори нигаҳдоштан хеле мушкил будааст.
Хонум Раҳматова афзуд: "Бубинед ҳоло мо дар шароити душвори зистмуҳитӣ ба сар мебарем ва гар шаҳри Душанберо мисол оварем, ошғолдониҳои шаҳр ба мавқеъ покзосӣ намешавад, аксари сокинон барои дастрасӣ ба оби ошомиданӣ дар манозил, муассисот, аз ҷумла дабиристону мадорис бо мушкил рӯбарӯ ҳастанд. Пас чӣ тавр метавон мутмаъин буд, ки кӯдак дар фазои солим аз лиҳози беҳдорӣ хуб нигаҳдорӣ мешавад. Барои ҳамин, нахуст бояд шароити лозим муҳайё шавад."
Ин дар ҳолест, ки ҳамарӯза бархе аз сокинони Душанбе шоҳиди саҳнаҳое, ба мисли оббозии кӯдакон дар атрофи ё канори партовгоҳҳои шаҳр мешаванд.
Ҳамчунин ба гуфтаи иддае аз волидон шароити беҳдорӣ дар бархе аз кӯдакистон ва мадориси шаҳр низ ҷавобгӯи талаботи беҳдорӣ набудааст.