Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳ ҳафтаномаи "Пайкон"-ро ҷарима баст


Додгоҳи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ҳафтаномаи мустақили «Пайкон»-ро барои нашри матлаби интиқодӣ 300 ҳазор сомонӣ ҷарима бастааст.

Дар ин бора Ҷумъабой Толибов, сармуҳаррири ин ҳафтанома, ба радиои Озодӣ иттилоъ дод. Ба гуфтаи ӯ, ин қазияи додгоҳӣ дар асоси шикояти идораи «Тоҷикстандарт» дар пайи нашри як матлаби интиқодӣ дар бораи фаъолияти ин ниҳоди давлатӣ сурат гирифтааст.

Дар ин матлаб, ки ҳануз якчанд моҳ қабл дар ин ҳафтанома нашр шудааст, як гурӯҳи тоҷирони тоҷик аз баъзе тасмимҳои идораи «Тоҷикстандарт» изҳори нигаронӣ кардаанд, ки ба гуфтаи онҳо, ба рушди соҳибкорӣ халал ворид мекунад.

Сармуҳаррири «Пайкон» ҳукми додгоҳро беасос медонад ва мегӯяд, аз рӯи он ба додгоҳи кассатсионии пойтахт шикоят хоҳад бурд.

Ҷузъиёти ин қазия давоми рӯз дар сомонаи Озодӣ нашр хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG