Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даҳ ҳазор нафар афв хоҳанд шуд


Раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, имрӯз, лоиҳаи қонун "Дар бораи авф"-ро барои баррасӣ ба порлумони кишвар пешниҳод кард.

Хадамоти матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, лоиҳаи мазкур ба муносибати 15-солагии Сарқонуни Тоҷикистон ва Соли бузургдошти Имоми Аъзам ҷиҳати «амалӣ намудани принсипҳои инсонпарварӣ – мадорою муросо, раҳму шавқат, таҳаммулпазирӣ, ки аз таълимоти ин фақеҳи бузурги олами ислом бармеояд», таҳия ва пешниҳод гардидааст.

Лоиҳаи мазкур аз 25 модда иборат буда, нисбат ба гурӯҳи муайяни ашхоси маҳкумшуда ва шахсоне, ки парвандаи ҷиноятии онҳо дар баррасии мақомоти таҳқиқи ибтидоӣ, тафтишоти пешакӣ ва судҳо қарор дорад, татбиқ мегардад.

Мувофиқи маълумоти пешакии мақомоти марбута, Қонуни мазкур нисбат ба беш аз 10.000 нафар татбиқ хоҳад шуд.

Қонун «Дар бораи авф» нисбат ба он шахсоне татбиқ мешавад, ки то мавриди амал қарор гирифтани он ҷиноят содир кардаанд.
XS
SM
MD
LG