Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дидори Зардорӣ бо генерал Абдураҳимов


Осиф Алӣ Зардорӣ, раисиҷумҳури Покистон, дар мулоқот бо Хайриддин Абдураҳимов, раиси Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон, хостори роҳандозии муколамаи стротежии Покистону Тоҷикистон дар мавриди суботи минтақа, амният ва рушд шудааст.

Бино ба иттилои вазорати радио ва телевизиони давлатии Покистон, дар ҷараёни мулоқоти рӯзи ҷумъа, 23 октябр, Осиф Алӣ Зардорӣ ва Хайриддин Абдураҳимов масоили ҳамкориҳои дуҷониба дар заминаҳои тиҷорату иқтисодиёт, энерживу нақлиёт ва зербунёдҳо сӯҳбат кардаанд. Бахши муҳими дигари гуфтӯгу дар мавриди мубориза бо терроризм, ифротгароӣ будааст.

Дар мулоқоти мазкур Зубайдулло Зубайдов, сафири Тоҷикистон дар Исломобод ва баъзе дигар аз мақомоти олирутбаи Покистон ҳузур доштаанд.

Ба гуфтаи Осиф Алӣ Зардорӣ, бунёди як роҳи оҳан, ки Тоҷикистонро аз тариқи Афғонистон бо Покистон васл кунад, дастрасии осон ба бандарҳои Покистонро хоҳад дод ...
Фарҳатуллоҳ Баҳор, сухангӯи раисиҷумҳури Покистон, роҷеъ ба ин нишаст ба хабарнигорон гуфтааст, Осиф Алӣ Зардорӣ бо ёдоварӣ аз сафари моҳи июлаш ба Тоҷикистон, гуфтааст, ки гузаргоҳҳои тиҷоративу энержӣ бо Осиёи Марказӣ на танҳо тиҷорату ҳамкориҳои бозаргонӣ миёни ду кишварро тақвият хоҳад дод, балки ба рушди тамоми минтақа мусоидат хоҳад кард. Фарҳатулло Баҳор аз қавли раисиҷумҳури Покистон, гуфтааст, ки ин кишвар мехоҳад, ба хотири рушди тамоми Осиёи Марказӣ гузаргоҳҳои энерживу тиҷоратӣ бо минтақа бунёд кунад.

Ба гуфтаи Осиф Алӣ Зардорӣ, бунёди як роҳи оҳан, ки Тоҷикистонро аз тариқи Афғонистон ба Покистон васл кунад, дастрасии осон ба бандарҳои Покистонро хоҳад дод. Ба қавли раисиҷумҳури Покистон, эҳдоси чунин роҳҳои иртиботӣ, барои ба ҳам овардани мардумон, афзоиши тиҷорат ва рушди иқтисодиву иҷтимоии тамоми кишварҳои минтақа муфид хоҳад буд.

Таҳқиқи тарҳи бунёди роҳи 1300 километрие, ки метавонад Покистонро аз тариқи ағбаи Дурра ба Тоҷикистон бипайвандад, анҷом шудааст. Осиф Алӣ Зардорӣ дар мулоқот бо Хайриддин Абдураҳимов, раиси Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон, ҳамчунин ба иҷрои тарҳи бунёди хати баландшиддати 1000 мегаваттӣ таъкид кардааст, ки қарор аст, нерӯи изофии барқи Тоҷикистону Қирғизистонро ба Покистони ташнаи энержӣ интиқол диҳад.

Раисиҷумҳури Покистон гуфтааст, ки ҳукумати кишвараш “маҳдудияти сафари шаҳрвандони Тоҷикистон ба Покистонро” аз байн бурдааст ва тоҷирону шаҳрвандони Тоҷикистон бо анҷоми муқаррароти оддии гирифтани раводид метавонанд озодона ба Покистон сафар кунанд.

Бо ишора ба афзоиши қочоқи маводи мухаддир дар минтақа Осиф Алӣ Зардорӣ ба иқдомоти муштарак ҷиҳати мубориза бо ин зуҳурот дар минтақа таъкид кардааст, ки ба гуфтаи вай, “тероризм ва ифротгароӣ аз он об мехӯранд”. Ба қавли сухангӯи раисиҷумҳури Покистон, Хайриддин Абдураҳимов – раиси Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон зимни гуфтӯгу ба ҳимояти кишвараш ҷиҳати мубориза бо қочоқи маводи мухаддир таъкид карда ва гуфтааст, ки Тоҷикистон моил аст, то ҳамкориҳояшро бо Покистон дар тамоми ҷабҳаҳо, аз ҷумла дифоъ ва амният тақвият диҳад.
XS
SM
MD
LG