Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сайёҳони ғайриоддӣ дар Тоҷикистон


Дар наздикиҳои китобхонаи Фирдавсии маркази шаҳри Душанбе, вақте ки чароғаки роҳнамо сурх шуд ва ҳамаи мошинҳо бозистоданд, чашмам ба ду ронанди мототсикл расид, ки хеле пурбор ва ронандаҳояш либосҳои ҷолиб доштанд.

Бароям, кӣ будани онҳо аҷиб буд ва ба зудтарин фурсат ба сӯи онҳо давидам. Ронандаи дуввум низ бо дидани ишораи мо бозистода, майли сӯҳбатро кард.

Мусоҳибони мо - сайёҳони бритониёӣ буданд, ки ҳамин ҳоло баъд аз тамошои Бадахшони Кӯҳӣ ба шаҳри Душанбе омадаанд. Лиза Томас гуфт, онҳо дар тӯли шаш рӯз кӯҳҳои Бадахшонро тамошо кардаанд, аммо сайёҳати онҳо куллан 8 сол идома ёфта, аз Бритониё оғоз шудаст. Ӯ афзуд, инак Тоҷикистон 62–юмин кишварест, ки онҳо ба диданаш омадаанд.

Лиза Томас гуфт, Бадахшонро хеле дӯст доштаанд. Ӯ гуфт, онҳо дар гӯшаву канори ҷаҳон буданд, кӯҳҳои зиёдро ҳам дидаанд, аммо кӯҳҳои сангии Бадахшон афсонавианд. Тамоми роҳро онҳо бо мотосикл паймудаанд. Вале дар ҷойҳое, ки роҳ хеле хурду хатарнок буд, пиёда мегаштаанд. Лиза гуфт, дар Душанбе онҳо барои Туркманистону Эрон раводид гирифтаанд.

Саймон Томас, шавҳари Лиза, гуфт, дар ин чанд рузе, ки дар Тоҷикистонанд, мебинанд, ки одамон хайрхоҳ мебошанд ва кишвар зебост. Вале Саймон аз он тааҷҷуб кардааст, ки дар бисёри меҳмонхонаҳо барои ду нафар дар ҳуҷраҳои оддӣ 100 доллар талаб мекунанд. Боз дар як меҳмонхона бо ин маблағ ҳуҷраеро пешниҳод кардаанд, ки об надоштааст. Ӯ гуфт, ҳатто дар Лондон ин гуна нархҳо нест.

Саймон гуфт, мехоҳанд боз панҷ соли дигар сафарашонро идома диҳанд. Дар нақша доштаанд, ки ба Австралия раванд. Ҳамаи харҷи сафарашонро худашон пардохт мекардаанд. Барои ин сафар хона, мошин ва баъзе либосҳояшонро фурӯхтаанд.

Саймон ва Лиза дар ҷараёни сафарашон аксҳои зиёд гирифтаанд ва мехоҳанд баъд аз анҷоми сафари тулонӣ ёддоштҳои худро бо аксҳо дар шакли як китоб ҷамъоварӣ кунанд. Аммо нияти аслии онҳо ворид кардани номҳои хеш дар китоби рекордҳои Гиннес чун дарозтарин ва давомноктарин сайёҳат бо мотосикл ворид созанд. Ба гуфти Саймон, аллакай онҳо 375 000 километрро тай кардаанд.
XS
SM
MD
LG