Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лаҳзае бо бозиҳову хандаҳои кӯдакӣ


Бо тамошои бозии бароям ошнои кӯдакона хостам ба он ҳамроҳ шавам, вале афсус, бо ин қаду бастам наметавонистам аз дарвозаи дасти бачаҳо гузарам.

Лаҳзае бо бозиҳои кӯдакӣ
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:44 0:00


Танҳо ҳамин буд мушкили ман, вагарна тамоми шарти ин бозӣ ва мисраъҳои шеъреро, ки дар он истифода мешавад, ба хубӣ дар ёд дорам.

Воқеан фикр мекунам, каманд нафароне, ки боре бо гурӯҳи зиёди бачаҳо дастбадаст накардаву бо садои баланди кӯдакона «ҷигар, ҷигар...» нагуфта бошанд. Бозии «ҷигар, ҷигар» ки барои аксар ҷавонони имрӯз ва волидони онҳо ҳам хеле хуб ошност, дар баробари бархе аз дигар бозиҳои анъанавӣ, мисли «рустшавакон» ё «чашмпӯшак», «сафедор» ва «сурсуракон» дар миёни кӯдакону наврасони имрӯз ҳам маъмул аст ва баъзан гурӯҳ-гурӯҳ дар кӯча ва назди биноҳои серошёна ба ин бозӣ машғул мешаванд.

Кӯдакон мегӯянд, ин бозиро бештар ба хотире дӯст медоранд, ки хандаовару ҷолиб аст ва дар як замон онҳо метавонанд чанд ҳаракатро иҷро кунанд. Фарангиси 9-сола мегӯяд, «ман бисёртар "харгушакбозӣ"-ро дӯст медорам. Дар ин бозӣ мо ҳама гирд меистем ва як одам дар мобайн меистад ва дигарҳо дастоба даст карда мехонем:
Харгушакҷон, харгушак,
Чаро ту касал шудӣ?
Канӣ аз ҷоят бихез,
Дасту рӯятро бишӯй....
Баъд каси дар мобайн буда ягон каси дигарро интихоб мекунад, баъд боз вай ба мобайни давра медарояду харгушак мешавад...»

Ба гуфтаи фолклоршиносон, аз бозиҳои сершумори қадимӣ ва қисман замони шӯравӣ аз ҷумла «чиликдангал», «буҷулбозй», «арғунчакбозӣ», «сангчилбозӣ», ки аз насл ба насл гузаштааст, то ба насли имрӯз танҳо бештар аз 20 дарсад ва он ҳам ғолибан дар маҳалҳои берун аз шаҳр ва рустоҳо боқӣ мондаанд.

Ба қавли Равшани Раҳмониён, фолкрошиноси тоҷик, дар 30 соли ахир роҷеъ ба бозиҳои анъанавии бачагона ягон пажӯҳиш ва гирдоварие нашудааст ва қисме аз онҳо имрӯз аслан аз байн рафтаанд. Вале қисмати дигар феълан танҳо дар ҷашну маросимҳои мухталиф истифода мешаванд.

Вай мегӯяд, «масалан, аксар бозиҳое, ки қаблан дар фасли баҳор бачаҳо саргарми он мешуданд, имрӯз танҳо дар ҷашни Наврӯз истифода мешаванд. Барои мисол, вақте нахустин гул мерӯяд, бачаҳо як бозӣ доштанд бо номи «гулгардонӣ». Ҳама ба дараву даштҳо мерафатанд ва бо хушҳоливу рақсу бозӣ гул чида хона ба хона мегаштанд».

Ба гуфтаи Равшани Раҳмониён, ҳоло бо пешрафти замон ва рушди техника бозиҳои бачагона ҳам шакли дигар гирифтаву ғолибан дар шаҳрҳо миёни кӯдакон дучархасаворӣ ва истифода аз ролику умуман бозӣ бо дигар ашёҳои замонавӣ маъмул шуд.

Сабзина Ризоева, муррабияи яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, мегӯяд, кӯдакони имрӯз назар ба бозиҳои қадимии гурӯҳӣ ба бозӣ бо ашёҳои мухталифи замонавӣ ва ҳаракаткунанда шавқи бештар доранд, чун онҳо имкони дидану истифодаи онро доранд: «Масалан, бозичаҳои бисёр ҳаст. Аз як ҷиҳат ин ҳам хуб аст, ки кӯдакон аз рӯи ин бозиҳо ба касбу кор ва умуман ашёҳои мухталиф ошно мешаванд».

Ба бозиҳои гурӯҳӣ феълан бештар кӯдакон дар боғчаҳои бачагона ошно мешаванд ва ташкили чунин бозиҳо бо кӯдакон дар барномаи кории муррабияҳои боғчаҳо ҳам зикр шудааст. Тоҷиниссо Нуриддинова, ки таҷрибияи зиёди кор бо кӯдаконро дорад, мегӯяд, дар асл ҳама бозиҳои анъанавиву гурӯҳӣ аз ҳар ҷиҳат ба рушди кӯдакон мусоидат мекунад. Хонум Тоҷиниссо мегӯяд, ба вижа дар бозиҳои гурӯҳӣ онҳо муносибату муошират бо якдигарро меомӯзанд.

Вай меафзояд, «масалан, дар бозии «ҷигар, ҷигар» онҳо муоширату кори гурӯҳиро меомӯзанд ва тақлид ба овози ҷонварон ҳам ба бурро шудани нутқи онҳо мусоидат мекунад. Ё барои мисол, бозиҳои «оила» дорем. Як кӯдак модар мешавад ва лухтакҳоро фарзандонашон мекунанд дар ин ҷо хушмуомилагӣ, ҳурмату эҳтиром нисбати якдигарро ба онҳо меомӯзонем».


Ёраҳмад Валиаҳмад, равоншиноси тоҷик, мегӯяд, аслан аз синни 3-солагӣ фаъолияти аслии кӯдак бояд бозӣ бошад ва ҳарчи бештар вобаста ба син онҳо бояд ба бозиҳои мухталиф ҷалб шаванд. Вале имрӯз ба қавли равоншисон, ин танҳо дар баъзе боғчаҳо ба инобат гирифта мешавад ва аз ҷониби волидайну калонсолон ба ин мавзӯъ чандон таваҷҷуҳ зоҳир намешавад.

Равоншиноси тоҷик мегӯяд, «сабабро агар нарасидани шароит гӯем, ба фикри ман, дуруст намешавад, ин танҳо як баҳона аст. Мо метавонем ба воситаи дигар намудҳои бозӣ, ки қаблан буданд ё то ба ҳол дар рустоҳо истифода мешаванд, фаъолияти бозиро дар кӯдакон мустақилона ба роҳ монем. Вале имрӯз аз сабаби, намедонам, шояд надоштани дониши психологӣ бошад, ки мо аксаран кӯдаконро аз бозӣ кардан бозмедорем, ки ин дар воқеъ ба инкишофи психикии кӯдак таъсири манфӣ мерасонад».

Ба қавли равоншинос Ёраҳамад Валиаҳмад, на ҳама волидони имрӯз аз ҷиҳати равонӣ дар тарбияи кӯдакони худ омодаанд ва ба моҳияти аслии ин бозиҳо сарфаҳм мераванд. Ба қавли ӯ, агар бо диққат таваҷҷӯҳ кунем, тариқи бозӣ ва интихоби бозичаҳо дунёи кӯдак ва хоҳишу хислати ӯро муайян кардан мумкин аст.

Вай мегӯяд, «дар таҷриба вохӯрдам, ки падаре барои фарзандаш як мошинча харид, кӯдак 3-сола буд ва дар як рӯз онро шикаст. Падар, писарчаро хуб сарзаниш кард ва аз бозичаи харидааш пушаймон шуд. Иштибоҳи падар дар он буд, ки ӯ ба тарзи истифодабарии мошинча аз сӯи писараш эътибор надод, фақат дилаш ба маблағи сарфкардааш сухт. Албатта аз назари психологӣ бозичаро кӯдак бояд шиканад, чун дар синни 3-солагӣ дар кӯдак хоҳиши донистани олами иҳотакардааш бештар мешавад. Ӯ мехоҳад ҳама чиро бифаҳмад ва мехоҳад бубинад, ки дар дохили ҳамон, масалан, мошинча чист».

Ба андешаи равоншиносон, ҳамин бетаваҷҷӯҳӣ ва дур шудани кӯдакон аз бозиҳои анъанавӣ, ба вижа бозиҳои фикриву зеҳнӣ, боис шудааст, ки тибқи пажӯҳишҳо бештар аз 90 дарсади кӯдакони синни 7 аз ҷиҳати равонӣ ба мактаб омода нестанд.

Ва аммо аксар наврасону волидони онҳо аз набуди майдончаҳои бозӣ дар шаҳру маҳалҳо изҳори нигаронӣ мекунанд ва мегӯянд, ҳавлиҳои назди биноҳои серошёна имрӯз ба истгоҳҳои мошинҳо табдил ёфтаанд ва кӯдакону наврасон имкони ба бозиҳои мухталифи гурӯҳи ва давидану ҷаҳиданро надоранд.
XS
SM
MD
LG