Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

«Вахш» - муддаъии аслии унвони қаҳрамонӣ


Бозиҳои даври 16-уми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ рӯзҳои 17-ум ва 18-уми октябр баргузор шуданд.

«Хуҷанд»-и Хуҷанд дар меҳмонӣ аз тими «Истиқлол»-и Душанбе бо ҳисоби 1:2 шикаст хӯрд. Баҳодур Шарифов, бозигари меҳмонон, дар дақиқаи 13-ум ҳисобро боз кард. Вале баъдан Юсуф Рабиев, капитани «Истиқлол» дар дақиқаҳои 28-ум ва 43-юм (ҷаримаи 11-метра) ду гол ба самар расонд.

Вахш»-и Қӯрғонтеппа дар сафар бар тими «Равшан»-и Кӯлоб бо ҳисоби 3:0 пирӯз шуд. Голҳоро Рустам Усмонов(дақиқаи 21-ум), Ҷомихон Муҳиддинов (56-ум) ва Фозил Сатторов (84-ум) заданд.

«Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров дар майдони худ ба дарвозаи ССКА «Помир»-и Душанбе чаҳор голи беҷавоб зад. Фарҳод Тоҳиров ду гол (дақиқаҳои 18-ум ва 23-юм), Асадулло Бобоҷонов (35-ум) ва Сӯҳроб Эгамбердиев (75-ум) якголӣ ба ҳадаф расонданд.

«Регар» ТадАЗ-и Турсунзода низ дар майдони худ «Гвардия»-и Душанберо бо ҳисоби бузурги 4:0 мағлуб кард. Голҳоро Давронҷон Тухтасунов (56-ум), Хуршед Маҳмудов (23-юм), Ҷамшед Исмоилов (73-юм) ва Даврон Эргашев (77-ум) заданд.

Инчунин дар ин давр дастаи «Энергетик»-и Душанбе бидуни бозӣ бо ҳисоби фаннии 3:0 соҳиби се имтиёз шуд. Зеро рақибаш – дастаи «Спитамен»-и ноҳияи Спитамен - ба иллати набуди маблағ аз ширкат дар давраи дуввуми мусобиқот даст кашидааст.

Баъди натиҷагирии даври 16-ум «Вахш» бо 40 имтиёз дар ҷадвали мусобиқа ба ҷои аввал баромад. «Регар» ТадАЗ низ бо 38 имтиёз як зина боло шуд (ҷои дуввум). «Хуҷанд» бо 37 имтиёз ба ҷои севум фуромад. «Истиқлол» бо 33 имтиёз дар ҷои чаҳорум қарор гирифтааст.

То анҷоми мусобиқа ду давр мондааст. Мубориза барои унвони қаҳрамонӣ ва медалҳо байни се дастаи пешсаф хеле пуршиддат хоҳад шуд. Дар даври навбатӣ «Вахш» дар майдони худ бо «Истиқлол», ки аз медалҳои мусобиқа бенасиб монд, қувваозмоӣ хоҳад кард. Дар мавриди пирӯзӣ дар ин бозӣ қӯрғонтеппагиҳо ба унвони қаҳрамонӣ даст меёбанд. Зеро дар даври охирин бидуни бозӣ бо «Спитамен» соҳиби се имтиёз хоҳанд шуд. «Регар» ТадАЗ бошад, дар ду бозии боқимонда бо «Энергетик» дар меҳмонӣ ва бо «Хуҷанд» дар майдони худ зӯрозмоӣ хоҳад кард. «Хуҷанд» дар даври 17-ум бидуни бозӣ бо «Спитамен» се имтиёз ба даст меорад ва бозии охиринаш бо «Регар» ТадАЗ дар меҳмонӣ тақдири медалҳои нуқраву биринҷиро ҳал хоҳад кард.

Ҷой

Дастаҳо

Б

Ғ

М

Б

Т/Т

И

1.

«Вахш»

16

13

1

2

39-14

40

2.

«Регар» ТадАЗ

16

12

2

2

40-11

38

3.

«Хуҷанд»

16

12

1

3

33-10

37

4.

«Истиқлол»

16

10

3

3

32-16

33

5.

«Энергетик»

16

8

2

6

37-24

26

6.

«Парвоз»

16

6

4

6

24-21

22

7.

«Равшан»

16

4

2

10

22-36

14

8.

«Гвардия»

16

2

2

12

10-49

8

9.

«Спитамен»

16

1

3

12

9-38

6

10.

ССКА «Помир»

16

1

2

13

12-39

5





Беҳтарин голзанҳо: Нӯъмон Ҳакимов («Вахш») – 15 гол, Сӯҳроб Ҳамидов («Энергетик») – 12 гол, Юсуф Рабиев («Истиқлол») – 11 гол.
XS
SM
MD
LG