Ин конфронс бо ибтикори дафтари Созмони амният ва ҳамкории Аврупо, мақарраш дар Бишкек, таъсис ёфт ва дар он намояндагони васоити ахбори умуми панҷ кишвари Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, ширкат карданд. Мавзӯъе, ки иштирокчиёни ин конфронс ба доираи баҳс кашиданд, «Маълумоти журналистӣ - такмили он ва технологияҳои ҷадид» унвон дошт. Миклош Харасти, намояндаи САҲА дар умури озодии баён, гуфт, ин конфронс барои нахустин бор журналистони Осиёи Марказиро муттаҳид намуд. Оқои Харасти ширкати намояндагони Туркманистонро фоли нек хонд ва афзуд, ки озодии баён доираи худро васеъ хоҳад кард.
Дар ҷараёни конфронс дар мавриди ҳатмӣ будани маълумоти журналистӣ ё хабарнигорӣ фикрҳо зидду нақиз буданд. Ба ақидаи иддае аз иштирокчиёни ҳамоиш, ҳар кас, бидуни он ки маълумоти махсуси журналистӣ дорад ё не, метавонад ба ин касб шуғл варзад. Аммо Асадулло Саъдуллоев, профессори Донишгоҳи славянии Тоҷикистон, ба ин ақида комилан мухолиф аст. Вай мегӯяд, баъзеҳо гумон мекунанд, ки соҳибони ҳамаи тахассус метавонанд журналист низ бошанд ва ин дуруст нест. Ба гуфтаи Асадулло Саъдуллоев, ғайр аз ин журналист бояд такмили ихтисос кунад, зеро журналистика эҷодиёт аст ва онро набояд мутлақ ҳисобид.
Масрури Абдулло, иштирокчии дигари ин конфронс, иброз дошт, барои журналист шудан маълумоти ҳатмии журналистӣ чандон зарур нест. Вай афзуд, барои журналист шудан маълумоти ҳатмии гуманитарӣ лозим аст. Масрури Абдулло ҳамчунин тазаккур дод, ки дар ҳамоише, ки мушорикат дошт, перомуни мавзӯъ мавқеъгириҳои якҷониба бештар ба мушоҳида расиданд.