Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ба мактаб бо ниқоби тиббӣ


Хонандагони тоҷик, ки одатан афроди ниқоби тиббипӯшро танҳо тариқи телевизион ва ё дар бемористонҳо медиданд, акнун худ низ муваззаф шудаанд, ки ба рӯяшон чунин ниқоб бикашанд.

Бо талаби ҷиддии омӯзгорон таи бештар аз 1 ҳафта аст, ки аксар хонандагони макотиби миёнаи Душанбе бо ниқобҳои тиббӣ ба дарс ҳозир мешаванд. Онҳо баробари ворид шудан ба саҳни мактаб даҳону бинии худро баста, то анҷоми дарси охир бояд бо ниқоби тиббӣ гарданд. Тибқи талаботи мактаб, ниқобҳо бояд на ниқоби маъмулии тиббӣ, балки аз 4 қабат дока иборат бошанд. Замира, хонандаи мактаби рақами 8-уми пойтахт, мегӯяд, ҳама ҳамсинфонаш ниқоб мебанданд ва барояшон бо он дарс хондан мушкил нест.

Пӯшидани ниқоби тиббӣ ба рӯйро маркази назорати санитарӣ-эпидемиологии шаҳри Душанбе бо судури як амр ба хотири пешгирӣ аз вируси «H1N1» ё зукоми хук ва зукоми парранда дар тамоми макотиби миёнаи пойтахт барои омӯзгорону хонандагон ҳатмӣ кардааст.

Мунаввара Салимова, омӯзгори мактаби рақами 10 - и пойтахт мегӯяд, ин дастурро онҳо сар аз соли нави хониш гирифтаанд ва ҳоло дар мактаб он қариб ба пуррагӣ риоя мешавад. Ба қавли хонум Салимова, тибқи қарори макзур ҳамчунин тамоми синфхонаҳои мактаб бо ҳавосанҷ таъмин шудаанд. Муаллима мегӯяд, ҳар як хонанда бояд ду ниқоб ва ҳар як омӯзгор бояд бо худ 4 ниқоб дошта бошад.

Зимнан, дар сурати амалӣ нашудани дастури Маркази назорати санитарию эпидемиологии шаҳри Душанбе дар мавриди истифодаи ҳатмии ниқоб аз сӯи мактабҳо, муассисаҳои таълимӣ ҷаримабандӣ хоҳанд шуд. Зеро, ҳарчанд ба гуфтаи муттахассисон, дар Тоҷикистон афроди сироятшуда ба вируси зукоми навъи «А» сабт нашудааст, аммо масъулини ин марказ аз таҳдиди хатари ин маризӣ ба кишвар таъкид кардаанд. Шамсулло Исломов, сардори раёсати маорифи шаҳри Душанбе, мегӯяд, амри ҳатмӣ кардани ниқоб барои хонандагону омӯзгорони мактабҳо ба вижа дар мавсими хуруҷи зукому дигар бемориҳо, танҳо бо ҳадафи ҷилавгирӣ ва солимии хонандагону омӯзгорон ҷорӣ шудааст.

Омӯзгорон мегӯянд, дар баробари талаби ниқобпӯшӣ аз хонандагон ба онҳо ҳамчунин роҷеъ ба зукоми хуку мурғ ва роҳҳои дигари бехатарӣ маълумот дода мешавад, аммо дар сӯҳбат бо мо на ҳамаи хонандагон аз ин бемориҳо марговар изҳори огоҳӣ карданд. Маҳина, хонандагони мактаби рақами 7-и пойтахт. «Намедонам, гуфтанд ин грипп аз паррандаҳо омадааст ва гриппи ганда асту, бояд повязка бандед.»

Вале бо ин вуҷуд аксарият бо худ ниқоби тиббӣ доранд. Барои бархе аз хонандагон волидонашон чунин ниқобҳоро аз докаи маъмулӣ омода месозанд, вале гурӯҳи дигар онҳоро аз дорухонаҳо дастрас мекунанд. Арзиши ин ниқобҳо, ки бозораш ба гуфтаи фурӯшандаҳо ин шабу рӯз хеле гарм аст ба 2 сомонӣ баробар аст. Сабзина Азизова, корманди дорухонаи рақами яки пойтахт мегӯяд, ниқобҳои тиббӣ, ки қаблан аслан харидор надоштанд, дар дорухонаҳо ба фурӯш гузошта намешуд, аммо акнун онҳо аз чунин ниқобҳо барои фурӯш ба теъдоди зиёд ворид мекунанд.

Аммо харидори аслии ин ниқобҳо дар Тоҷикистон феълан танҳо хонандагони мактабҳои миёна будаанд, ва донишҷӯёну кормандони дигар муассисаҳо мегӯянд, то ҳанӯз барои ба рӯй кашидани чунин ниқобҳо дастур дарёқфт накардаанд. Вале бояд гуфт барои ҷилавгирӣ аз зукомҳои марговаре мисли хук қаблан дар нуқтаҳои вуруди мусофирон, ба вижа дар фурудгоҳҳову роҳи оҳан тадбирҳое мисли таъсиси нуқтаҳои ташхисӣ низ ба роҳ монда шуда буданд. Чун ба ҳар сурат тавре худи мардум ҳам мегӯянд, пешгирии бемори беҳтару камхарҷтар аз табобати он будааст.
XS
SM
MD
LG