Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дидори нахуствазирони Созмони Шангҳай


Раҳбарони ҳукуматҳои шаш кишвари узви Созмони Ҳамкориҳои Шангҳай нишасти Пекинро ба баҳси ҳамкориҳои иқтисодиву энергетикӣ тахсис доданд.

Дар ҳамин ҳол, созмони зери нуфузи Русияву Чин, ки ибтидо ҳамчун гурӯҳи амниятӣ таъсис ёфта буд, ба таври расмӣ дар бораи афзоиши ноамнӣ дар Афғонистон ва ё ташвиши ҷомеаи ҷаҳонӣ аз барномаи баҳсбарангези ҳаставии Эрон чизе нагуфт.

Дар эъломияи поёни нишасти Пекин сарвазирони Чин, Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Узбакистон даъват кардаанд, ки ба бӯҳрони иқтисодии саросарӣ посухи ҳамоҳангшуда дода шавад. Дар ин нишаст ҳайатҳои Эрон, Муғулистон, Покистон ва Ҳиндустон ба ҳайси нозир ҳузур доштанд. Сарвазири Чин Вен Ҷиабао мегӯяд, мулоқот дар чорчӯби созмони Шангҳай ба шаш кишвари узв ва чор кишвари нозир имкони табодули назар ва тарҳрезии барномаи хосеро фароҳам меорад.

Дар нишасти Пекин дар бораи қарзи Чин ба кишварҳои узви созмон ҳарфе нагуфтанд. Моҳи июн дар Маскав Чин барои рафъи паёмади ногувори бӯҳрони иқтисодӣ ба кишварҳои Осиёи Марказӣ 10 миллиард доллар кумаки молӣ ваъда карда буд.

Сарвазирон як идда асноди ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷорат, энергетика, кишоварзӣ, нақлиёт, фарҳанг, беҳдошт ва ҳифзи муҳити зистро имзо карданд. Онҳо ҳамчунон мувофиқат карданд, ки хазинаи хосе барои рушди нақлиёту мухобироти минтақа таъсис ёбад.

Пешбинӣ мешавад, ки дар ҳошияи нишасти Пекин сарвазири Русия Владимир Путин бо ноибпрезидентҳои Эрону Афғонистон ва сарвазири Қазоқистон дидору гуфтугӯ хоҳад дошт, вале дар ин бора тафсилоти бештаре тақдим намешавад.

Мулоқоти Путин бо ноиб-президенти авввали Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммад Ризо Раҳимӣ дар ҳоле ба вуқӯъ мепайвандад, ки котиби давлатӣ ё худ вазири корҳои хориҷии ИМА хонум Ҳилларӣ Клинтон дар Маскав аст. Аснои сӯҳбат бо донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Маскав, Клинтон иброз дошт, ки маъмурияти президенти ИМА Барак Обама баъди таҳқиқи таҳдид аз барномаи ҳаставии Эрон назараш дар бораи бунёди сипари зиддимушакӣ дар Аврупоро, ки аз ҷониби президенти собиқ Ҷорҷ Буш матраҳ шуда буд, тағйир дод.

Юрий Ушаков муовини раиси дафтари матбуотии ҳукумати Русия ба хабарнигорон гуфт, ки яқинан Путин ва Раҳимӣ барномаи ҳаставии Эронро баҳс хоҳанд кард. Дар айни замон Ушаков афзуд, ки мавқеи Русия дар мавриди барномаи ҳаставии Эрон маълум аст ва он тағйир наёфтааст.

Русияву Чин ду кишвари узви доимии Шӯрои Амнияти СММ ба таҳрими бештари Эрон, ки аз ҷониби кишварҳои ғарбӣ пешниҳод шудааст, мухолиф мебошанд. Тибқи иттилои расида дар мулоқоти Путину сарвазири Қазоқистон Карим Масимов иаҳкими ҳамкориҳо ва аз ҷумла вуруд муштараки ду кишвар ба Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат арзёбӣ мешавад.

Созмони ҳамкориҳои Шангҳай соли 1996 поягузорӣ шуда, дар соли 2001-ум Узбакистон ҳам ба он шомил шудааст.
XS
SM
MD
LG