Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари паҳлавонони ҷавони тоҷик ба Булғористон


Дастаи мунтахаби гуштии самбои Тоҷикистон барои ширкат дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон байни ҷавонону наврасон 14-уми октябр озими Булғористон шуд.

Сардовари ин мусобиқа Маҳмуди Абдуллоҳ, раиси Федеросиюни гуштии самбои Осиёи Марказӣ ва ҳамзамон дабири кулли Федеросиюни гуштии самбои Тоҷикистон, ба Радиои Озодӣ гуфт: «Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон 10 нафар шомиланд. Байни онҳо Акмолиддин Каримов, ғолиби мусобиқаи соли 2008 дар шаҳри Тошканди Узбакистон дар вазни 52 кг, Айниддин Қурбонов, барандаи медали нуқраи мусобиқаи порсола дар вазни 48 кг, барандагони медалҳои биринҷии мусобиқаи қаҳрамонии соли гузашта Хушбахт Назаров (дар вазни 62 кг) ва Рашид Раҳимов (дар вазни 81 кг) ҳастанд. Ба дастаи мунтахаби Тоҷикистон мураббии варзида Маҳмашариф Сулаймонов раҳбарӣ мекунад».

Ба гуфтаи оқои Абдуллоҳ мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳонии самбо байни навҷавонон дар Булғористон аз 15-ум то 19-уми октябр идома хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG