Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳилларӣ Клинтон дар шаҳри Қазон


Дар поёни боздидаш аз Русия, Ҳилларӣ Клинтон – вазири умури хориҷаи Амрико имрӯз аз Ҷумҳурии Тотористон дидан мекунад. Интизор меравад, ки вай имрӯз ба баъзе аз суолҳои сокинони шаҳри Қазон посух бидиҳад. Пештар аз ин Ҳилларӣ Клинтон рӯзи сешанбе барномаҳои баҳсбарангези атомии Эронро бо Дмитрий Медведев – раиси ҷумҳур ва Сергей Лавров – вазири умури хориҷаи Русия баррасӣ кард. Аммо мақомоти Русия ҳеҷ ваъдаи мушаххасе надодаанд, ки дар сурати бенатиҷа анҷом шудани музокироти қудратҳои ҷаҳонӣ бо Эрон аз таҳримоти сахттаре алайҳи ин кишвар ҳимоят хоҳанд кард. Сергей Лавров гуфт, фишор ва таҳдид бо таҳримҳои бештар ба зидди Эрон натиҷаҳои баръакс хоҳад дод ва хост, то барои идомаи музокирот бо Эрон ҳар кори мумкинро бикунанд. Вазири умури хориҷаи Русия гуфт, ки ду тараф дар амри таҳияи аҳдномаи нав дар мавриди коҳиши силоҳҳои атомии ҳарду кишвар ба “пешрафти чашмгире” ноил шудаанд.
XS
SM
MD
LG