Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ТАЛКО – сарпарасти кулли Кумитаи олимпии Тоҷикистон


Корхонаи воҳиди давлатии «Ширкати алюминии тоҷик» (ТАЛКО) сарпарасти кулли Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон гардид.

Бар асоси қарордоде, ки дар маҷлисгоҳи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон аз ҷониби муовини раиси ин кумита Маликшоҳ Неъматов ва мудири кулли КВД «Ширкати алюминии тоҷик» Садриддин Шарифов ба тасвиб расид, ТАЛКО барои омодагӣ ва ширкати варзишгарони тоҷик дар мусобиқоти байнулмилалӣ аз соли 2009 то соли 2012 ҳамаҷониба кӯмак хоҳад кард.

М. Неъматов дар як нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод, ки мувофиқи ин қарордод КВД «Ширкати алюминии тоҷик» ҳар сол барои омодагии варзишгарони тоҷик ба мусобиқоти байнулмилалӣ, хариди либосу лавозимоти варзишӣ, инчунин, таъмиру азнавсозии иншооти варзишӣ маблағи муайян ихтисос хоҳад дод.
XS
SM
MD
LG