Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷоизаи аслии мусобиқаи С. Раҳимов - мошини сабукрав


Дар Қасри варзиши «Самандар-асри ХХI»-и шаҳри Турсунзода шоми 3-юми октябр маросими кушоиши мусобиқаи кушодаи ҷумҳуриявӣ оид ба гуштии самбо барои дарёфти ҷоизаи ёдбуди ҷаҳонпаҳлавон Саидмӯъмин Раҳимов баргузор шуд.

Варзишгаронро Баракатуллоҳи Атохоҷа, раиси шаҳри Турсунзода, ва Маликшоҳ Неъматов, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон, бо оғози мусобиқа табрик карда, ба онҳо пирӯзӣ орзу намуданд.

Аз номи ҳайатҳои варзишии кишварҳои хориҷӣ Ҷамолиддин Ойхоҷаев, мудири иҷроияи Федеросиюни самбои Осиё ва ҳамзамон дабири кулли Федеросиюни самбои Осиёи Марказӣ (аз Узбакистон), ба мизбонон барои пазироии хуш ва дар сатҳи баланд баргузор кардани ин мусобиқа изҳори миннатдорӣ кард.

Дар маросими кушоиши мусобиқа Саидаҳтам Раҳимов, фарзанди Саидмӯъмин Раҳимов, барандаи дукаратаи Ҷоми ҷаҳонии самбо ва медали нуқраи мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон, Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро барафрохт.

Cаркотиби ин мусобиқа Маҳмуди Абдуллоҳ, дабири кулли Федеросиюни гуштии самбои Тоҷикистон ва ҳамзамон раиси Федеросиюни самбои Осиёи Марказӣ, ба Радиои Озодӣ гуфт: «Дар ин мусобиқа 230 варзишгар аз 8 кишвар- Беларус, Гурҷистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбакистон ширкат доранд. Паҳлавонон дар 9 вазн қувваозмоӣ мекунанд. Сабқати ниҳоӣ дар ҳамаи вазнҳо шоми 5-уми октябр шурӯъ мешавад.

Сарпарастони мусобиқа барои ғолибон дар 9 вазн мукофотпулӣ таъсис додаанд: барои ҷои аввал - 800 доллар, барои ҷои дуввум – 400 доллар ва барои ҷойҳои севум – 150-долларӣ. Азбаски Саидмӯъмин Раҳимов моҳи сентябри соли 1975 дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба гуштии самбо дар шаҳри Мински Беларус дар рақобатҳо дар вазни то 100 килограмм ба унвони қаҳрамони ҷаҳон сарфароз шуда буд, ғолиби мусобиқаи кушодаи ҷумҳуриявӣ дар ин вазн бо ҷоизаи махсуси Ҳукумати шаҳри Турсунзода – мошини сабукрави «Toyota Corolla» - мукофотонида хоҳад шуд».

Маҳмуди Абдуллоҳ афзуд, то имрӯз дар риштаи самбо касе ба пояи Саидмӯъмин Раҳимов нарасидааст. Вай, ҳамчунин, қаҳрамони дукаратаи самбои Иттиҳоди Шӯравӣ (солҳои 1973-1975) ва Спартакиадаи VI тобистонаи халқҳои СССР (1975) мебошад. Ӯ дар навъҳои гуштии миллӣ, самбо, гуштии озод, гуштии юнониву румӣ ва дзюдо низ борҳо қаҳрамони Тоҷикистон гаштааст.

Саидмӯъмин Раҳимов ҳамчун сармураббии дастаҳои мунтахаби гуштии самбо ва дзюдои Тоҷикистон дар тарбияи шогирдон хизмати арзанда кардааст.

Ӯ солҳои 1995-2004 дар вазифаи раиси Кумитаи тарбияти бадан ва варзиши Тоҷикистон фаъолият дошт. Вай то моҳи декабри соли 2008 раиси Федератсияи гуштии дзюдои Тоҷикистон буд.

Саидмӯъмин Раҳимов 13-уми феврали соли ҷорӣ дар синни 63-солагӣ бар асари сактаи дил дар шаҳри Душанбе аз олам чашм пӯшид ва даргузашти ҷаҳонпаҳлавон талафоти бузурге барои мардуми Тоҷикистон буд.
XS
SM
MD
LG